Танӯр қураест барои нонпазӣ, ки аз қадим дар байни тоҷикон маълум аст. Барои сохтани танӯр пеш аз ҳама хоки махсус, пашм ё коҳро даромехта, бо об гил мекунанд. Баъд ба гил намакоб пошида, болояшро бо матое мепӯшанд ва муддате дам медиҳанд. Сипас онро лагад зада “мепазонанд”. Баъд гилро порча-порча (бараш 20-30 см, ғафсиаш 8-10 см) бурида, бо тавонча ва ғундак ба якдигар часпонида танӯр месозанд. Баланди ва андозаи танӯр гуногун машавад. Барои рӯзгор бештар танӯри вусъаташ 60-70 см-ро ба кор мебаранд. Барои оташбардор шудани танӯр ба берунаш намакоб мепошанд. Лаби танӯрро дар болои суффачаи махсуси баландиаш 1-1,2 м мешинонад. Дар ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон танӯри заминӣ маълум аст. Барои сохтани чунин танӯр заминро махрутшакл кофта, деворҳои онро бо гили махсус андова мекунанд. Дар ибтидо чунин оташдонҳои шабеҳи танӯрро дар дохили хона ба таври амудӣ месохтанд ва танӯр ҳамчун оташдон низ хизмат мекард. Дар болои он дег гузошта хӯрок ва дар деворҳои тафсонаш нон мепухтанд. Ҳоло дар толори намоишии “Таърих ва тамаддуни тоҷик” дар қисмати “Маданият, илм ва адабиёт дар асри XIX ва ибтидои асри XX”-и осорхонаи таърихии вилояти Суғд нусхае аз танӯр ба маърази тамошобинон ба намоиш гузошта шудааст.
Махсумов Шаҳром - Роҳбалади осорхона