Суфра одатан лавозимоти рӯзгор ба шумор меравад. Онро ба фарши хона ё рӯи миз густурида маҳсулоти хамирӣ омода мекунанд.Суфра аз забони форсӣ гирифта шуда, дастархон меноманд ё пӯсте, ки дар он хамир рост мекунанд, суфраи мешӣ ҳам мегӯянд. Суфра дар байни мардуми халқи тоҷик аз қадим маъмул буда, андозааш гуногун мебошад. Ҳоло бошад, барои тайёр намудани маҳсулоти хамирӣ аз суфраҳои замонавӣ клёнкавӣ истифода мебаранд. Бо пешрафти технологияи муосир, рушд ёфтани истеҳсолотҳои қаннодию ширӣ, инчунин тайёр намудани маҳсулотҳои нимхоми хамирӣ ба фурӯш гузошта шудаанд, ки хеле қулай ва осон мебошад. Лекин, тарзи тайёр намудани маҳсулоти хамирӣ дар рӯйи суфра лаззати ба худ хосе дорад. Бояд, онро ҷавонон ин анъанаи қадимаро идома бахшанд, то ки дар зиндагиашон барака ворид гардад.
Воқеан, дар байни ҳунармандон ҳунари мардумӣ суфрадӯзи маъмул буд, ки қариб фаромӯшшудаи мардум гардидааст. Албатта, дунёи ҳунар касро ба олами андеша ғӯта месозад. Агарчӣ имрӯзҳо навъи гуногуни суфра дар дӯконҳои бозорҳои кишвар ба фурӯш гузошта бошанд, ҳам аз суфраи аслии онвақта фарқ мекунад. Шояд камёфту нодир ҳам бошанд. Бисёр мехостам, ки ин ҳунари аҷдодӣ равнақ ва соҳаи чорводорӣ рушд ёбад, ҳунармандон аз пӯсти чорво суфраи чармин, ҳунари милли тоҷикон суфрадӯзиро дубора эҳё кунанд.
Ба ин хотир, дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”,дар хона-музейи Камоли Хуҷандӣ намунаи суфраи чармин бо тахтаю тирак, баҳри тамошобинон ба намоиш гузошта шудаанд. Агар ба гузашта назар кунем, ба ҳар хонадоне ки арӯс мешуданд, аз ин истифодаи суфраи чармӣ маводҳои ордӣ тайёр мекарданд, ки хеле хушхуру болаззат будааст. Ба қавли гузаштагон солҳои қаблӣ барои арӯсон бо суфраи чармӣ ба хонадони шавҳар гусел мекарданд. Зеро дар суфраи чармӣ хамир кардан аз як сӯ савоб бошад, аз сӯи дигар орд ва хамиртуруши дар дохили суфра гузошташуда сифати худро гум намекунад ва орд низ аз намиву рутубат эмин мемонад.Бояд гуфт,ки солҳои охир мардум ба суфраи мардумӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд. Имрӯзҳо мушоҳидаҳо мерасад,ки ҳунарҳои мардумии суфрадӯзи дар ноҳияи Хуросон, ҳунармандони ангуштшумор боқӣ мондаанд, ки чунин суфраҳои қадимӣ меофаранд. Суфраҳоро аз пӯсти буз, гӯсфанд ва гов омода месозанд, ки барои таҳияи чунин як суфраи хушсифат на камаш 15 рӯз заҳмат мекашиданд. Бояд гуфт,ки як адад суфраи муқаррарӣ аз пӯсти ду гӯсфанди калон тайёр мешудааст. Асосан, қисми заҳматталаби кор ин омода намудани пӯст аст. Яъне, пӯсти навро дар халтаҳои полиэтиленӣ ба муддати се рӯз нигоҳ медоранд. Дар сурати хушк шудани пӯст онро тайи ду рӯз дар зарфҳои пласстикӣ тар карда, то таровидани об онро меовезанд ва баъд пӯстро се рӯз дар халтаи полиэтиленӣ нигоҳ медоранд. Баъдан,пӯст ду рӯзи дигар дар даруни зардоби ҷурғот нигоҳ дошта мешавад. Ҳамин ки пӯстро аз зардоб гирифта онро тоза ва хушк мекунанд. Ҳар кадоми онҳоро алоҳида печонида ду-се рӯз нигоҳ медоранд. Ҳамаи ин амалҳо,бояд дар вақти муайянгардида анҷом дода шавад, дар акси ҳол пӯст тунук шуда, корношоям мегардидааст.
Пас аз омода шудани пӯст бо риштаҳои махсус суфра дӯхта мешавад.Ҷамъоварии пӯст асосан масъулияти баланд дошта ба зиммаи мардҳо вобаста шудааст, ки бештари пӯстҳоро аз деҳаҳои гирду атроф баъди забҳи чорво харидорӣ карда мешавад. Гуфтан ба маврид аст,ки ин ҳунари қадимӣ ба таври зарурӣ рушд наёфта бошад, ҳам барои омӯхта намудани суфра кам нафарон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд,ки ин ҳунари мардумӣ халқи тоҷик, набояд аз байн равад.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод-маркази иттилоот.