Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дук

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дук, олоте ки барои ресидани пашм, пахта ва абрешим истифода мешуд. Дук асосан аз гил, чӯб, санг ва устухон сохта мешуд. Дар фонди Осрхонаи таърихии вилояти Суғд якчанд намуди дукҳо: гилин, сангин ва чӯбин мавҷуд мебошад.

Соли 2020 дар ҳудуди “Қалъаи Хуҷанд” корҳои ҳафриётӣ – тадқиқоти бо роҳбарии доктори илми таърих профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров      Н. Раҳимов гузаронида шуд, ки дар рафти он якчанд хумҳои гилин, сафолпораҳо, ашёҳои рӯзгор дарёфт шудаанд, ки дар байни онҳо ду дук ҳам мавҷуд буд. Сохти ин  дук даврашакл буда рангаш ҷигарии паст аст, дар марказаш сӯрох дорад. Қисмати рӯяш суфта буда андозаи баландиаш 7 мм, диаметраш 3 см ва қисмати канораш ноҳамвор аст. Ин дукҳо дар фонди осорхона маҳфуз нигоҳ дошта мешавад.

Дар толори намоишии осорхона дар даврабандии таърихи “Панҷакенти ибтидои асрҳои миёна” дуки аз санги сафед сохта шуда ба марази тамошобинон гузошта шудааст. Аз рӯи баъзе маълумотҳо ҳамин гуна дукҳои гилин, устухонин, чӯбин ва сангин аз дигар давлатҳои Осиёи Миёна, Русия, Чин ва дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи корҳои ҳафриёти дарёфт шудаанд. Аз ин бар меояд, ки аз давраҳо қадим  ин гуна дукҳоро мардуми маҳаллии ҳамон давлатҳо истифода мекарданд.

Муродҷони Шовазир – роҳбалади осорхона­

  

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДук
Scroll to Top