Бунёди боғу гулпарварӣ дар баробари ривоҷи дигар соҳаҳои кишоварзӣ, яке аз рукнҳои таркибии фарҳанги зиндагии мардуми куҳанбунёд ба шумор меравад. Имрӯзҳо ин фарҳанги қадимаи ниёгонамон бо идомаи нек равнақ ёфта истодааст. Маҳз, натиҷаи заҳмати гузаштагон буд, ки дар кишварамон аз ҷониби боғбонону гулпарварони пуртаҷриба навъҳои гуногуни гулу меваҳои лазиз ва серҳосилу хушсифат парвариш меёбанд.
Дар баробари ин, гулҳои рангоранги ороишӣ сарватҳои бебаҳои милли мо маҳсуб меёбанд. Бояд зикр намуд, ки ин гулу гулбуттаҳои ороишӣ шукуҳу ҷилои камназиру хос бахшида, муҳити зистро сарсабз, ҳавои тоза ба ҳаёти зиндагии мардум таъсири нек мебахшад. Дар кӯчаву хиёбонҳо, шоҳроҳҳо, алалхусус дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ гулҳои ороишӣ парвариш меёбанд, ки худ шоҳиди аз насл ба насл гузаштани анъанаи фарҳангии деринаи ободкорӣ дарак медиҳад. Бале, гарчанде ки аксарияти дарахтон дар мавсими фасли баҳор гул кунанд, ҳам на ҳамаи онҳо ҳақиқатан намоишкорона ва ороишӣ мебошанд.
Дар ин радифи ободкорӣ гулбуттаҳои ороишӣ дар боғҳои истироҳатӣ, ҷойҳои намоишӣ шинонида мешаванд. Ба ин хотир зебову дилрабо гардонидани ҳусни Муассисаи давлатии ”Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” , Боғи фарҳангию истироҳатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, аз ҷониби боғдорону гулпарварони чобукдаст, зиёда аз ҳафтуним ҳазор гули ороишӣ ”Виола” ва инчунин сию панҷ ҳазор адад, тухми лолаи рангоранги Ҳоландӣ шинонида истодаанд, ки тамоми мавсими фасли баҳору тобистон нашъунамо меёбанд. Сарфи назар ин навъи гулу лолаҳои ороишӣ хуб месабзанд. Намуди зоҳираш хело рангоранг, шаклашон гуногун ва бӯйи хос дорад. Барои парвариши чунин гулу лолаҳои ороишӣ, бояд тухмиашон солим бошад, сониян бисёр мешукуфад ва ҳамеша зебогии худашро гум намекунад.
Ҳамин тавр, боғбонону гулпарварон аз имкониятҳои мавҷуда ба пуррагӣ истифода бурда, баҳри хурраму обод гардонидани симои боғи истироҳатӣ, ки тамоми фасли тобистон ба дилу дидаи бинандагон илҳоми нав мебахшад, саҳми худро гузошта истодаанд.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот.