Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Сафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар Тоҷикистон Валерий Евдокимов бо ҳамроҳонаш санаи 2 феврали соли 2023 аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд боздид намуданд. Меҳмононро Омири кулли Муассисаи Давлатии “Маҷмааи фарҳангию – таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов И.С. қабул намуданд ва аз ҷониби роҳбалад Мирзоева И. сайри илмӣ гузаронида шуд. Меҳмонон аз толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан намуда, аз таъриху фарҳанг ва анъанаву адабиёти ғании халқи тоҷик аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд. Дар фарҷоми боздид сафир Валерий Евдокимов дар китоби “Меҳмонони фахрӣ” таассуроти худро изҳор дошт:
“Аз номи мардуми Украина ва Сафорати Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми мардуми Тоҷикистон сулҳу осоиштагӣ ва ҳамфикри таманно дорам. Умедворам, ки дар оянда дӯстии байни халқҳоямон боз ҳам афзунтар мешавад.
Шаъну шараф ба Тоҷикистону Украина”.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар Тоҷикистон Валерий Евдокимов
Мирзоева И.П - Роҳбалади осорхона