Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Терракота (Ҳайкалчаи сафолин)

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Яке аз бозёфти нодире, ки айни ҳол дар толори намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба маърази тамошобинон гузошта шудааст,  ҳайкалчаи сафолин (терракота) мебошад.

Терракота яке аз навъҳои густурдаи санъати қадимии Шарқи Наздик ва Миёна буда, ғайр аз ин барои омӯзиши таърихи фарҳанги халқҳои қадимии кишварҳои тамаддуни аз байн рафтаи Шарқ сарчашмаи муҳиме мебошад: тарзи иктисодии хаёт, протсесҳои этникӣ, идеявию эстетикӣ, дараҷаи маданияти моддии халқро мефаҳмонад.

Ин ҳайкалча аз тарафи Бердиев Оқил донишҷӯи ДДХ ба  номи академик Бобоҷон Ғафуров, сокини шаҳри Панҷакент, деҳаи Навичӯмоқ, ҷамоати  Косатарошон дастрас гардидааст. Он ба асрҳои  V-VIII  таалуқ дорад. Ҳайкалча аз қабати регу қуми теппаи назди деҳаи Навичӯмоқ ёфт шудааст.

Ҳайкалча аз гили пухта сохта шуда, он мардеро тасвир мекунад, ки шарҳи абрӯвони камонӣ, чашмони бодомшакл, дар сар нақши сарпӯши қубба монанд дорад. Дасти рости он ба сари сина буда, дасти чапи он палаха парида дорад, ҳайкалча аз миён поёнаш ҷойи шикаста  дошта дигар қисматаш боқӣ  намондааст. Андозаи дарозиаш ба 6.5 см ва бараш ба 3 см баробар мебошад.

 Ин гуна ҳайкалчаҳои сафолин (терракотаҳо) бисёртар аз қалъаи Афросиёб, Панҷакент, Тали-Барзу ёфт шудааст.

Даврон Тошматов – роҳбалади осорхона

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТерракота (Ҳайкалчаи сафолин)
Scroll to Top