Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Фузулӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Фузулӣ, шоир ва мутафаккари Озарбойҷон номи пурраш Муҳаммад Сулаймон буда, соли 1498 дар ноҳияи Караболои Ироқ таваллуд ёфтаааст. Фузулӣ дар назди падараш савод бароварда, таҳсилашро дар шаҳри Бағдод  идома бахшидааст. Бо мурури замон чанд сол дар мадрасаи Бағдод мударрис шуда фаъолият бурдааст. Асарҳояш бо забонҳои туркӣ, озарбойҷонӣ, форсӣ ва арабӣ таълиф шудаанд. Фузулӣ бо забонҳои форсӣ, туркӣ ва арабӣ се девони ғазалиёт ва қасоидро эҷод намудааст. Девони форсии шоир 332 ғазал, девони туркиаш 295 ғазалро дар бар мегирад. Фузулӣ ғазалҳояшро дар пайравии Ҳофизи Шерозӣ эҷод кардааст. Ғазалиёти ӯ олами маънавии инсоният ва туғёни ҳиссиёт тасвир ёфта, инсонҳои ҷоҳилу разилиро сахт мазаммат кардааст. Достони “Лайлӣ ва Маҷнун”-и (1536-37) аз ҷумлаи беҳтарин асари Фузулӣ ба шумор рафта, бо достони “Лайлӣ ва Маҷмун”-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ҳотафӣ ҳамбастагӣ дорад, ки ба рӯзгори қаҳрамонони худ тағийроти ҷиддӣ даровардааст. Як ҷиҳати ҷолиби диққати достони Фузулӣ дар он аст, ки шоир барои боз ҳам беҳтар ифода намудани ҳиссиёти қаҳрамонон аз вазну сюжети асосии асар берун рафта, дар он бисёр ғазалҳои худро истифода бурдааст. Ин достон дар байни халқҳои туркзабон шуҳрати зиёде пайдо намудааст.

       Дигаре, асарҳои Фузулӣ “Матлаъ-ул-эътиқод”, ”Суҳбат-ул-амсор”, ”Бангу Бода”, ”Ҳафт ҷом”, ”Сиҳату мараз”, ”Ринду Зошид”, ”Шикоятнома” ва ғайра мебошанд. Фузулӣ худ мухлиси таърих, забон ва адабиёти форс-тоҷик буда, аз таҷрибаи эҷодиаш намояндагони барҷаста баҳраҳо бардоштаанд. Ӯ аз дасти замона фарёд мекашад. Эътироз ба муқобили беадолатиҳои ҷамъияти феодалӣ, бераҳмии ҳокимон, худсарии амалдорон ва мунофиқии руҳониён мазмуни зоҳирии ашъори ӯро ташкил медиҳад. Башардӯстӣ, меҳру муҳаббат ва сафову самимият дар байни инсонҳо орзуи шоир будааст. Вале, шоир ба ин орзуи худ расида наметавонад ва роҳи ба ин мақсад расиданро намеёбад, чун аз нолаҳои зори худ асар ва аз оҳҳои ҷонсӯзи худ самаре намебинад, ноилоҷ дили нозукаш бештар ба таппиш афтода боз ҳам зиёдтар месӯзад ва ба канор меравад, гӯшаи танҳоӣ ихтиёр кардан мехоҳад.

Инчунин, Фузулӣ ба эҷодиёти Абдураҳмони Ҷомӣ ҳам муҳаббати беандоза дошт. Ӯ ”Ҷиҳил ҳадис”-и Ҷомиро аз тоҷикӣ ба озарбойҷонӣ тарҷума намудааст ва тарҷумаи озарбойҷонии асари Воизи Кошифӣ ”Равзат-уш-шуҳадо” низ ба қалами Фузулӣ тааллуқ дорад. Асарҳои Фузулӣ ба забонҳои русӣ, арабӣ ва форсӣ ба табъ расиданд.

Шоири мутафаккир, Фузулӣ соли 1556 дар ноҳияи Карбалои шаҳри Ироқ аз бемории касали вабо вафот кардааст. Дар Ҷумҳурии Озарбойҷон шаҳри Боку ҳайкали барҷастаи шоир гузошта шудааст.

Фузулӣ осори зиёди илмӣ ва фалсафӣ бо нозукӣ ва самимияти ҳиссиёт, сӯзу гудоз ва обу тоби ашъори худ на танҳо дар адабиёти туркзабон,балки дар адабиёти тамоми мамолики Шарқ мавқеи арзандаеро ишғол намуда, бо ин усули худ ба адабиёти Шарқ таъсири намоён гузоштааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар Хона-музейи ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, якчанд нусхаҳои чопи сангии девони Фузулӣ маҳфуз аст, ки хонандагону донишҷӯён метавонанд истифода баранд.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттиллот.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОФузулӣ
Scroll to Top