Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҷашни Сада

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ ”Сада” ба мисли Наврӯзу Меҳргон таърихи қадимае дошта, умед ба рӯзи нав, яъне Наврӯзи оламафрӯз мебошад. Иди сада рамзи бедоршавии табиат асту омодагӣ ба корҳои кишту кори баҳорӣ, маънии аз сардӣ раҳо ёфтану ба гармӣ расиданро дорад. Иди сада рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегирад ва мутобиқи солшумории мелодӣ, оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки иди Сада пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида,чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдоштӣ Меҳр истиқбол гирифта мешавад. Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифташуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани моҳи Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меоварад. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гарми ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои калон меафрӯхтанд ва шодиву хурсандӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонад. Гуфтан ба маврид аст, ки дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғдӣ, Муассисаи давлатии ”Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд”, якчанд намуд экспонатҳо ба монанди сӯзаниҳо, кашидадӯзиҳо, зардӯзиҳо ва гулдӯзиҳо,ки мардум дар замони худ истифода мебурданд, баҳри тамошобинон ба намоиш гузошта шудаанд.

Бояд гуфт, ки аз рӯи пиндори олимон тақрибан ёздаҳ ҳазор сол пеш дар қисмати шимолии Осиё, яъне ватани бумии қабилаҳои сершумори ориёӣ давраи яхбандиҳои тӯлонӣ ва сардиҳои даҳшатнок омада, зиндагии осудаҳолонаи мардумро сахту душвор намудааст.Чарогоҳҳои сарсабз зери барфҳои абадӣ мондаанд, ҷангалзорҳои анбуҳ ва дарахтони ёбоӣ дигар ҳосил намедоданд ва мурдану талаф ёфтани чорво меафзуд.

Агар Офтоб бо нури гармии худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии мардум гармӣ ворид карда бошад, пас оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани қалби инсонҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузоштааст. Дар баробари ин ниёгони пешини мо рӯйи худро ба сӯйи оташ намуда, дастони худро ба сӯйи Офтоб мебурданд ва барои беҳбудии рӯзгори хеш аз оташу Офтоб мадад металабиданд. Ҳадаф аз ин ниёгиш расидан ба фасли Наврӯз ва омадани соли хуб барои кишту кор буд,ки дар давраи ибтидоӣ мақом ва ҷойгоҳи хос дошт. Ҳамин бовариҳо буд, ки дар замонҳои хеле дури пеш аз мелод қавмҳои гуногун барои рӯзгори худ маросимҳо меофариданд ва хушҳоливу зиндагии баъдинашонро бо ин ҷашну маросимҳо пайванд менамуданд, ки ҷашни Сада яке аз онҳост.

Сада дар забони авастоӣ ба маънои ” баромадан ва тулуъ кардан”-ро доро будааст. Оид ба истилоҳи “Сада” низ фикрҳои гуногун мавҷуд бошанд ҳам, онҳо ба ҳамдигар умумият дошта,қадимияти ин ҷашнро тасдиқ менамояд. Масалан, донишманди маъруфӣ эронӣ Ҳошими Ризоӣ дар бораи вожаи сада менависад, ки ”Ҷашни садаро дар байни мардуми форсизабон ба тарзи гуногун истиқбол мегиранд. Яке аз усулҳои идгузорӣ чунин аст, дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз Баҳманмоҳ бо афрӯхтани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ бар боми хонаи худ ё бар баландии куҳистон гирд оварданд,ин нишонаи оғози ҷашн будааст.

Дар ишорати таърих ин ҷашн ҳамеша ба шакли дастаҷамъӣ ва бо гирдуҳамоии ҳамаи мардумон дар якҷоя бо барпо намудани як оташи бузург баргузор мешудааст. Мардумон дар гирдовардани ҳезум бо якдигар мусобиқа мекардаанд ва ба ин тартиб ҷашни Сада, ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон будааст. Аз шаб таваллуди Офтоб, пас аз чил рӯз барои гарму сӯзон шудани офтоб ниёгони мо ҷашни Садаро гиромӣ медоштанд”. Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ривоҷ доштааст.

Ба ақидаи ориёиҳои қадим сармо ба авҷи баланди худ мерасид ва баъдан ҳаво тадриҷан ба самти беҳбудӣ, нармӣ ва гармӣ мерафт. Аз ин рӯ, барои он ки ба кишту кори онҳо зараре нарасад ва чорвоҳояшон аз сардӣ эмин нигоҳдорӣ гардад, оташро ҳамчун қувваҳои бадӣ сӯзандаву нобудкунанда истифода мебурданд. Онҳо боварӣ доштанд,ки лаҳзаҳои сармои ҷонкоҳ гузаштаасту нармию гармӣ вориди рӯзгори мардум шудааст.

Бояд зикр намуд, ки дар саросари кишвари азизамон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати истиқлолияти бадастомада, таҷлили ҷашну суннатҳои мардумию миллии тоҷикон, аз қабили Сада, Наврӯз ва Меҳргон барои аз нав зинда намудан ва  ба насли оянда мерос гузоштан аст, ки  боиси эҳёи оину суннатҳои ниёгон гардида истодааст.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҶашни Сада
Scroll to Top