Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Китоби “Гулчини андешаҳои Пешвои миллат”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар ин китоби бузург маҷмӯаи суханрониҳо ва мақолаву китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони дастагуле аз гулистони афкору андешаҳои Роҳбари давлат роҷеъ ба Тоҷикистон, истиқлоли давлатӣ, миллати тоҷик, ваҳдати миллӣ, арзишҳои фарҳангиву таърихӣ, одобу ахлоқ, тарбият, бузургдошти Забон, Модар, Ватан ва рисолати муосироти мо аз тарафи мураттибон Нуралӣ Нурзод ва Зафар Саидзода фароҳам оварда шудааст.

Китоб аз 400 саҳифа буда, бо забони ҳам русиву ҳам тоҷикӣ омода шудааст.  Хушбахтона дар китобхонаи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ин китоби арзишманд мавҷуд аст, ки хонандагону донишҷӯён муаллимону устодон аз он истифода баранд.

Боварии  комил дорем, ки ин паёмҳои ҳакимонаи Пешвои миллат ба ҳаммиллатон  ва ҳамзамонони худ дар амри масъулиятшиносиву худогоҳии ҷомеа, ба хусус, дар парвариши насли ҷавон, ки ояндасози миллатанд, муассиру судманд воқе хоҳанд шуд.

Монат Баротова – Китобдори калон

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКитоби “Гулчини андешаҳои Пешвои миллат”
Scroll to Top