Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Сабадбофӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Сабадбофӣ, яке аз ҳунарҳои мардумӣ, ки дар ҳаёти ҳамарӯзаи мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то имрӯз идома бахшида истодааст. Шахсе, ки сабад мебофад  ӯро сабадбоф мегӯянд. Ҳунари бофтани сабад маҳорати касбиро талаб мекунад. Маъмулан сабадро аз навдаҳои дарахтони гуногун мебофанд, ки онро химча ҳам мегӯянд.

Ҳунари бофтани сабадҳо қариб, дар ҳама ҷо монанд аст. Вале, бояд ҳангоми бофтани сабад ҳар ҳунарманд барои хушсифат ва бозоргир шудани маҳсулот, маҳорати касбиашро нишон диҳад. Ҳунарманд барои бофтани сабад навдаҳои борику дарози дарахти тут, бед, сафедор, анор, биҳӣ, олуболу, қамиш ва монанди инҳоро бурида ҷамъ меоварад. Ин навдаҳои ҷамъшударо барои осон шудани кори сабадбофӣ  чанд рӯз дар зери офтобрӯя ё соя мегузорад, то ки андаке обаш кам гардад. Агар навдаҳо хушк бошанд, онҳоро ба об тар мекунанд, то ки ҳангоми бофтан нашиканад. Пеш аз шуруъи сабадбофӣ ду нӯги навдаро ба мисли қалам метарошад ва баъдан ба шакли доира мегирад. Баъдан як-як навдаро гирифта аз қисми поини сабад ба бофтан оғоз мекунад. Пас аз бофтани сабад онро ба ҷойи махсус мегузорад, то ки хушк шавад. Бархе аз сабадбофон сабади омодашударо чанд рӯз ба об тар карда мемонанд. Сипас, аз об гирифта бо латтаҳои ғафс печонида 4-5 рӯз дар таҳхона ва ё дар хонаи торики сард мегузоранд, то ки сабад қолиб гирад. Сабадбофон  гоҳе ҳам бо  супориши харидорон мувофиқи андозааш низ сабад мебофанд. Маъмулан чунин сабадҳои супоришӣ бодиққат ва салиқи ороиши махсус аз навдаҳои гуногун бофта мешаванд, ки то ба талабот қонеъкунанда бошад.     

Ин гуна сабадҳои фармоишӣ, ҳамчун асбоби ороиши рӯзгор дар ҷевонҳо ва рафи ошхонаҳо  низ гузошта мешаванд. Ҳунари сабадбофӣ, қариб ки дар тамоми минтақаҳои кишвари Тоҷикистон дида мешаванд. Ҳатто сабадро аз сим, пояи гандум, резина, пластмасса ва аз қоғаз низ мебофанд.

Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Хона-музейи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд” чанд намуди сабадҳо ба монанди гирдсабад, сабади дастадор, хӯрҷинсабад, симсамад, сабади дарозрӯя, нонсабад ва ғайра, баҳри тамошобинон ба намоиш гузошта шудаанд. Аз ин рӯ сабад як воситаи асбоби рӯзғор ба ҳисоб рафта дар анборҳои хона анвои хӯрокаро низ нигоҳ медоштанд. Дар бозорҳои шаҳру вилояти кишвар дӯкону растаҳои сабадфурӯшӣ вуҷуд дорад, ки мардум аз он ҷо барои истифода дар рӯзгор сабади дилхоҳи худро харидорӣ мекунанд. Инчунин, ҳунармандон дар баробари сабадҳое, ки барои рӯзгор мардум заруранд, чун анвои сабадҳои ороишӣ ва арғумонӣ аз химчаҳои нозук, қоғазҳои ранга, сим ва пластмасса барои оро додани гӯшаи хона, рӯйи миз, осорхона, утоқҳои кори ва амсоли онҳо мебофанд. Дар байни мардум таъбири гули сари сабад зиёд ба кор меравад, ки сабадҳо ҳамчун зарфҳои гулгирӣ ва дар миён зеботарин гулҳо намоишкорона ҷой дода мешаванд.      

Дар гузашта ҳунари сабадбофӣ  ҳунаре ҳаст, ки аз насл ба насл мегузарад. Хонаводаҳое ҳастанд, ки ин ҳунари мардумиро аз падару бобоҳои худ омӯхта, онро барои фарзандони худ меомӯзонанд.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСабадбофӣ
Scroll to Top