Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо сипари шудани ҳазор сол пас аз барҳам хӯрдани  давлати Сомониён, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 31-соли истиқлолияти давлатӣ тавонист миллати тоҷикро  дар ҷаҳон ҳамчун миллати ташаббускор, ҳомии сулҳ, ободкору фарҳангсолор ва тамаддунофар муаррифӣ намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, моҳи марти соли 2021 дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок дошта, оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуданд. Президенти мамлакат сабаби асосии тағирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод карданд. Таъкид гардид, ки мутаассифона имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем, ки боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст ва дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион сокинони замин таъсири худро расонад.   

Ҳамчунин, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки вазъи ба ин монанд пиряхҳо дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи Федченко дар Тоҷикистон намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Пиряхи мазкурро соли 1876 сайёҳи рус В.Ф.Ошанин кашф намуда, онро ба хотири дӯсташ А.П.Федченко, яке аз муҳақиқони Осиёи Миёна номгузорӣ намуда буд.

Пиряхи Федченко-мӯъҷизаи беҳамтои табиати афсункори Тоҷикистон буда, дар нишебии шарқии қаторакӯҳи Академияи Улум дар Помир ҷойгир шудааст. Ин пирях дар мавзеи қуллаи Инқилоб (6974) маскан гирифтааст. Пиряхи Федченко на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон калонтарин пиряхи водигию кӯҳи ба шумор рафта, дар китоби “Рекордҳои замин” дохил шудааст. Пиряхи Федченко зиёда аз 75 километр дарозӣ дошта, дар тӯли 70-80 соли охир зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он 44 километр мураббаъ кам шудааст. Ҳаҷмаш бошад 15 километри мукаабро ташкил дода, суръати миёнаи ақибравии нӯги пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад. Пиряхи Федченко қариб 50 шохоб дорад, калонтарини онҳо Бивачий, Наливкин, Витовский, Ҷамъияти географӣ буда, дар баландии 2900 то 7480 м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст.   

Сарвари давлат пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.  

Дар ин робита Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” таҷлил карда шавад. Ҳамчунин, дар назди СММ таъсис додани  Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо, дар соли 2

025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.

Яҳёева Дилрабо - корманди МД

МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСоли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо
Scroll to Top