Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Намадбофӣ

User Rating:  / 2
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Яке аз ҳунарҳои мардумӣ ин эҳёи намадбофӣ дар кишвар ба шумор меравад. Эҳёи ҳунарҳои намадбофӣ, қариб аз байн рафта истодааст. Бояд ёдовар шуд, ки ниёгони мардуми тоҷик, зиёда аз ҳашт ҳазор сол пеш ба намадбофӣ шуруъ намуда будаанд. Намад бештар дар қисмати деҳоти Тоҷикистон рушд ёфта, онро намадмолӣ низ мегӯянд. Намад як навъи гилем ё палоси хона буда, барои истифода дар рӯйи фарши хона тайёр карда мешавад. Намад хело палоси гарм ва мулоим буда ба болои он кӯрпача партофтан ҳоҷат надорад. Чунки намад ғафс, сабук ва бисёр гарм аст, ки дар сармои фасли зимистон дар минтақаҳои кӯҳистон истифодаи он хеле роҳатбахш будааст. Намадро бештар дар минтақаҳое ки чорвои хурд парвариш мекунанд, тайёр менамоянд. Намадро аз пашми буз, гӯсфанд ва бузи ангорӣ омода месозанд.     

Ҳунари намадбофӣ заҳматталаб, бахусус намадмолӣ кори осон набуда, асосан онро мардҳо тайёр мекунанд. Барои омода намудани намад, чун анъана мардҳо ҷамъ шуда бо навбат намадро молиш медиҳанд. Тарзи истеҳсоли намад дар байни сокинони вилояту ноҳияҳои кишвар аз ҳамдигар тафовут дорад. Барои омода намудани намад, то ҳол дар байни сокинони минтақаи Бадахшон ҳунармандон аввал як чодари васеъро ба замин паҳн намуда, ба болои он мувофиқи завқ пашмҳои рангкардашудаи гуногунро ҳамчун нақшу нигор гулпартоӣ мекунанд. Сипас, аз болои нақши сохтаашон пашмҳои сиёҳ, яъне пашмҳои рангаш торикиро яклухт мепартоянд. Дар натиҷа ғафсии намад бештар мегардад.

Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии ”Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд”, ки дар асри XIII сарлашкари тоҷик Темурмалик, бар зидди душманон ҷангида буд. Ба болои киштии ҷангӣ намад партофта шуда аз тиру камон ҳимоя менамудааст, баҳри тамошобинон манзур карда шудааст.

Сипас, чодари пашмдорро эҳтиёткорона лӯлапеч намуда аз нӯгҳояш ва танаш бо бандҳо ба шакли уреб мебанданд, то ки лӯла кушода нашавад. Лӯларо ба фарши ҳамвор гузошта сари дузону нишаста ҳунармандон бо банди дастҳояшон ғел дода мемоланд. Ҳамин тариқ, се-чор соат ҷараёни молидан давом мекунад. Баъди анҷом ёфтани намадмолӣ лӯларо кушода ба офтоб мегузоранд ва пас аз хушк шудан, намад барои истифода тайёр мешавад.  

Инчунин, намад бо дастгоҳ низ бофта мешавад, ки матоъи тайёршуда чакман, ҷелак, беостин ва дигар намуди либос дӯхта мешавад. Ин намуди истеҳсолкунии намадбофӣ дар минтақаҳои Бадахшон ва ноҳияи Айнӣ хеле маъмул аст. Новобаста аз ин намуди ҳунарии аҷдодӣ, ки дар ҳолати фаромӯшӣ қарор дорад, оилаҳои ҳунарманд ҳастанд, ки ҳунари гузаштагонро пос дошта ба намадбофӣ машғул ҳастанд.         

Имрӯзҳо ҳунармандони мардумӣ бо истифода аз дастгоҳҳои муосири технологияи нав шаклҳои гуногуни мурракаби намадро тарҳи ороишҳои замонавӣ истеҳсол намуда, баҳри ҳимоя намудан аз сардии ҳаво пешкаш менамоянд.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттиллот.  

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНамадбофӣ
Scroll to Top