Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Пойафзолдӯзӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Пойафзолдӯзӣ - яке аз ҳунарҳои қадимаи тоҷикон ба шумор меравад. Ҳунармандон навъи гуногуни кафшҳои мардона, занона ва бачагона медӯзанд. Кафшҳо бо пошнаҳои баланд ва паст тайёр карда мешуданд. Хусусан, барои занҳо кафшии чакӣ бо пошнаи пасти ироқӣ маъмул буда, онро асосан занҳои сарватманд мепӯшиданд. Дигаре бошад, як навъи кафши занона "шиппак" ном дорад, ки ҳунармандон аз се қабат чарм ва бо пошна тайёр мекарданд. Барои дӯхтани кафш олотҳои корӣ ба монанди қолибҳои чӯбини гуногунандоза, анбӯр, газан, теғи чармбурӣ, чӯбтарош, чӯби пойкашӣ, чӯбқалам, кунда, фона ва дигаре истифода мебурданд. Дар гузашта ”мукӣ” низ яке аз пойафзолҳои маъмулӣ ҳисобида шуда, мардону занон ва бачаҳо дар вақтҳои беборишӣ, дар корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ мепӯшиданд. Баландии мукӣ аз мӯза пасттар буда ба миёнаҳои соқии пой баробар будааст.

Навъи дигари пойафзоли анъанавӣ ”чоруқ” ё “хомак” ном дорад, ки онҳоро ҳунармандон аз пӯсти хоми гову асп ва буз тайёр мекарданд.Чоруқро тавре медӯхтанд, ки мӯйи пӯст ба рӯйи пойафзол меомад, ки баъди  пӯшидан бо ресмон ба пой маҳкам мебастанд. Соқӣ хомак нисбат ба соқӣ чоруқ кӯтоҳтар будааст. Онро асосан мардуми кӯҳистон ҳангоми киштукор ва шикор мепӯшиданд. Баъди аз кор ё шикор омадан хомакро тоза карда намак мезананд, то ки он пӯсида хосияташ вайрон нашавад. Чоруқ бошад, монанди маҳсӣ пошна надорад ва онро аз пораи пӯсти хоми гов медӯхтанд. Аз дарун ба таги по пахол андохта ба пой пайтоба печонида мепӯшиданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд” кафши занона аз чарм дӯхташуда, муталлиқ ба асрҳои VI-VII ки рангаш ҷигартоб, қафои кафш (соқаш) паст будааст. Инчунин, дар Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ, кафши чӯбини пошнадорӣ аз танаи дарахти чормағз тарошидашуда, баҳри тамошобинон ба намоиш гузошта шудааст. Бояд гуфт, ки ҳунари пойафзолдӯзӣ ба монанди мӯзадӯзӣ ва маҳсидӯзӣ фаъолтар буда, дар нуқтаҳои фурӯши бозорҳои маркази савдо дидан мумкин аст. Пойафзоли маҳсӣ, марбут ба фасли сарди сол занону мардон мепӯшиданд, ки пойҳоро аз сарди хунукии фасли зимистон эмин нигоҳ дошта, серхаридортарин пойафзол дар зимистон ба шумор меравад. 

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттиллот.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОПойафзолдӯзӣ
Scroll to Top