Китоби Пешвои хирадсолор оиди кор ва фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди фарҳангу маънавиёт, илму маориф ва таҳаввулоти ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа бозтоб гардидааст. Китоб аз тарафи Абдуҷаббор Раҳмонзода ба табъ расидааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ маҳз бо кӯшиши ин Пешвои хирадсолор низоми давлатдории миллӣ ташаккул ёфт ва барои дарки дирӯзу имрӯзи таърихи халқи тоҷик роҳи васеъ боз шуд. Дар баробари ин, аҳли ҷомеа ба масъалаҳои худшиносӣ ва худогоҳӣ бештар майл пайдо карданд ва дар шинохти худшиносӣ ва худогоҳӣ бештар майл пайдо карданд ва дар шинохти миллат дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Ин китоб ба шарафи ҷашни пурифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Баротова Монат – китобдори калони
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”