Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Чоҳи рамзӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Тамоми намуди обҳо (зеризаминӣ ва рӯйизаминӣ) аз боришот пайдо мешаванд. Боришоте, ки ба сатҳӣ хушкӣ мерезад, қисман бухор шуда, қисман ба замин мезаҳад. Дар мавриди обгузаронӣ ҷинсҳои куҳӣ ба монанди хок, рег, шағол, сангреза, сангча аз қабили ҳамин гуна басо аҳаммияти калон доранд. Дигаре бошад, ҷинсҳои куҳӣ яклухт ба монанди гил, санги хоро, варақсанг тарқиш  надоранд,  обро аз худ намегузаронанд ё ки суст мегузаронад, ки онҳоро ҷинсҳои куҳии обногузар мегӯянд. Дар натиҷа қабати обдор ташаккул меёбад, ки онро оби зеризаминӣ меноманд.  Вобаста ба таркиб (ширинӣ ва туршӣ) ва хосият (хунук ва гармӣ) обҳои зеризаминиро васеъ истифода мебаранд.   Дигаре бошад, ҳангоми парма кардани замин аз қабати обдор об фаввора зада мебарояд, ки онро оби ҷоҳи артезианӣ мегӯянд. 

Бояд хотиррасон шуд, ки дар замонҳои пеш дар ҳар маҳаллаҳои гирду атрофи шаҳри Хуҷанд, чоҳҳои зеризаминӣ мавҷуд буд, ки баҳору зимистон обаш хунуки шаффоф буд ва мардум онро  истифода мебурданд ва бо забони халқӣ ”қудуқ” мегуфтанд. Чунин намуди чоҳи зеризаминӣ дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, дар хона-музейи Камоли Хуҷандӣ сохта барои намоиш гузошта шудааст, ки ба назар оддӣ менамояд, лекин басо рамзист. Дар асл мардум аз қадимулайём онро бомақсад ва сарфакорона, чун оби шифобахши ташнашикан истифода мебурданд. Бояд гуфт, ки дар ҳамон давру замон мардум кӯшиш мекарданд, ки чоҳро аз ҳар гуна ифлосиҳо эмин нигоҳ доранд, то ки ҳар гуна моддаҳои зараровар ворид нагардад, чунки тоза кардани он ғайриимкон будааст. Яъне маълум мегардад, ки дар он замон ҳам ба гигиена ва тозагию назофати оби нӯшокӣ эътибори ҷиддӣ медоданд. Воқеан, гузаштагон оби чоҳро муъҷизаи ҳаёт ва оби шифобахш нагуфтаанд.

Ҳочӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЧоҳи рамзӣ
Scroll to Top