Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Сабти ушшоқи Содирхон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Содирхон Ҳофиз (Бобошарифов) соли 1847 дар яке аз маҳаллаҳои барӯманди Хуҷандшаҳр, маҳаллаи Ҳавзи баланд таваллуд ёфтааст. Дар замони худ чун ҳофизи барҷаста, мусиқидон ва оҳангсози тоҷик ба шумор мерафт. Содирхон аз Бузургхонтӯра санъати дуторнавозию сурудхонӣ аз шоир Кошиф танбӯрнавозиро омӯхтааст. Бо мурури замон маҳорати сарояндагии Содирхон сайқал ёфта, дар синни 32-солагӣ, чун ҳофиз ва иҷрокунандаи сурудҳои классикии тоҷик шуҳратманд гардидааст. Дар маъракаҳо ва чорабиниҳо иштирок меварзид, ки овозаи ҳунариаш аз марзи Хуҷандшаҳр баромада, торафт ба дур парвоз мекард. Ӯ дар матни ашъори шоирони классик суруд мехонд.

Бояд гуфт, ки Содирхон Ҳофиз муаллифи якчанд асарҳои вокалӣ ба монанди “Дилхароши Содирхон”, ”Уфари Содирхон”, “Ушшоқи Содирхон”, ”Уфари сабти Содирхон”, ”Сабти ушшоқи Содирхон” ва ғайра. Барномаҳои Содирхон Ҳофиз рангин ва хеле ғанӣ буда, суруду мақомҳои гуногунро дар бар мегирад.  Аз ҷумла, суруду мақомҳои “Ушшоқ”, ”Уфар”, ”Гулёр”, ”Дилхарош”, ”Талқин”, ”Чоргоҳи муноҷот”, ”Муноҷот”, ”Сегоҳи ду” ,”Сегоҳи се” ,”Савти Уфар”, ”Гиря”, ”Чоргоҳ”, ”Мирзодавлат” ва ғайраро бо маҳорати баланду салиқаи хоси сарояндагӣ иҷро мекард. Вай ба туфайли Кошиф азизи маҳфиле буд, ки беҳтарин неруҳои илмиву маърифатии шаҳр гирд меомаданд. Созандаи аввали кураи арз, ситорашиноси маъруф Ҳоҷӣ Юсуф,шоири оташсухан Тошхоҷаи Асирӣ, Абдуллои Фаёз, Ҳусайни Розӣ сари сабади маҳфилҳо буданд. Сониян, Содирхон Ҳофиз солҳои ҳокимияти шуравӣ дар идораю муассисаҳои мусиқӣ кор карда ба ҷавонон нозукиҳои санъати мусиқиро меомӯзонидаст. Санъати навозандагиву сарояндагиаш дар меъроҷи камолот қарор дошту офтоби шуҳраташ тулуъ карда қалби муътақидонашро шуълаафшонӣ мекардааст. Содирхон Ҳофиз ҳоло худ намедонист, ки ширкатҳои бузурги кишварҳои Петербург, Москав, Рига ва Тошканд сурудҳои ӯро ба грампластина сабт мекарданд. Бояд ёдовар шуд, ки соли 1913 дар Кӯқанд тавассути ширкатҳои “Гофман” ва “Пишуший Амур” 24 асарҳои вокалӣ ва дар 12 грампластинаҳо сурудҳояш сабт гардидаанд.

Ҳоло бошад, дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии ”Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд”, грампластинка маҳфуз мебошад, ки ба намоиш гузошта шудаанд.

Дар идома бояд гуфт, ки Содирхон Ҳофиз дар кишварҳои Афғонистон, Туркия, Эрон, Ироқ ва дигаре шуҳрати баланд пайдо кардаанд. Содирхон Ҳофиз соли 1931 дар шаҳри Хуҷанд аз олам гузаштаанд. Ба ифтихори номи яке аз устодони номии мусиқии классикии тоҷик, соли 1962 омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Хуҷандро ба номи Содирхон Ҳофиз номгузорӣ карда шуд. Баъдан бо қарори мушовираи Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 январи соли 1996 омӯзишгоҳи мусиқӣ ба омӯзишгоҳи санъат ва соли 2004 бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз табдил дода шуд. Инчунин, яке аз маҳаллаи шаҳри Хучанд ба номи кӯчаи Содирхон Ҳофиз номгузорӣ карда шудааст.   

Кишвари мардуми фарҳангдӯсти халқи тоҷик бо ифтихори ҷеҳраи намоёни санъати тоҷик бо бузургии ҳунару истеъдоди ҳофизи устодон, оҳангсозу мусиқадон  на танҳо ифтихори сокинони вилоят, балки тамоми тоҷикону тоҷикистониён шуҳратёр гардидааст.                   

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттиллот.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСабти ушшоқи Содирхон
Scroll to Top