Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Рушди муассисаи фарҳангӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Муассисаи давлатии ”Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд”, дорои “Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”, ”Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомотӣ” ба номи академик Нӯъмон Неъматов, ”Боғи фарҳангию истироҳатии ба номи Камоли Хуҷандӣ” буда, барои  рушду нумӯъи таъриху фарҳангӣ кишвари халқи тоҷик кору фаъолият мебарад. Дар ташкил ва баргузории силсила чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ бахшида ба ҷашнвораҳои миллӣ саҳми муносиб гузоштааст. Дар ин раванд, дар Осорхонаи таърихии вилоятӣ Суғд, дар соли 2022 даҳ ҷаласаи Шӯрои харидорӣ баргузор гардида, аз шаҳрвандон ба миқдори 549 адад ашёҳои таърихӣ ҷамъоварӣ ва ба маблағи умумӣ 65000 сомонӣ харидорӣ намуда ба тавозуни фонди Осорхона гузаронида шудааст.Миқдори умумии фонди асосии Осорхона ба 16612 адад расидааст.  Инчунин, бахшида ба 30-солагии оғози робитаҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мардумии халқи Чин, дар робита бо Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон намоиши мусаввараҳои рассоми маъруфӣ Чин Йо Фэн  Бин ташкил ва омода карда шуд. Дигаре, бахшида ба маросими ифтитоҳи 24-умин Бозиҳои олимпии зимистон-2022, ки дар варзишгоҳи ”Ошёнаи парранда”-и шаҳри Пекин баргузор гардида буд, маводу мукофотҳои туҳфа гардидаи Котиби генералии СҲШ дар солҳои 2016-2018 Рашид Олимов, оид ба масъалаҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба намоиш гузошта шуда буданд.

Тибқи нақшаи Раёсати фарҳанги вилоятӣ Суғд, дар толори Осорхонаи таърихӣ бахшида  ба 29-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ вохӯрӣ бо афсарону  сарбозон, таҳти унвони “Артиши миллӣ-кафолати осоиш ва амнияти мардум” чорабинӣ гузаронида шуд. Бахшида ба Рӯзи модарон бо кумитаи кор бо занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар толори осорхона тантанаи ҷашни таҳти  унвони ”Модар-нерӯи бузургу пешбаранда” бо иштирокчиёни ғолиби озмуни ҷумҳуриявии ”Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.

Инчунин, барои баргузории чорабиниҳои муҳими илмиву фарҳангӣ, бахшида ба ҷашни байналмиллалии Наврӯз-2022, дӯстдорони табиат ва ба ифтихори Рӯзи байналмиллалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, гӯшаи намоишӣ бахшида ба 95-солагии академик Нӯмон Неъматов ва инчунин 77-солагии Рӯзи Ғалаба чорабиниҳо ташкил карда шудаанд. Бо ташаббуси консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи Ғалаба чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил ва баргузор гардиданд. Ба  муносибати истиқболи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ёдбудӣ Қаҳрамони халқи Тоҷикистон Бобоҷон Гафуров конфронси илмӣ аз ҷониби кормандон ташкил ва таҷлил карда шуд. Ҳамзамон, ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони ”Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат” ба ифтихори таҷлили ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Бо ташабусси Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоятӣ Суғд ва намояндагони Иттиҳоди Аврупо бо гурӯҳи ҷавонон,оид ба ҳифзи муҳити зист чорабинии викторинаи экологӣ баргузор гардид. Бо иштирокчиёни чорабинӣ ду адад  қуттии махсус барои ҷамъоварии зарфҳои пластикӣ ба боғи фарҳангию истироҳатӣ насб карда шуданд.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати ошно намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик бо ташаббуси Муассисаи давлатии ”Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фонди осорхона зиёда 100 адад ашёҳои таърихи марбут ба миллати тоҷик,шакли хурди намоиши “Тоҷикистон кишвари дарёҳои тиллоӣ” дастрас гардида ба намоиш гузошта шуданд.  

Дар толори осорхонаи таърихӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои ОлииҶумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ таҳти унвони “Иҷлосияи тақдирсоз” бо иштироки намояндагони вакилони иҷлосия, устодону олимон ва донишҷӯёни факултаи сиёсатшиносӣ баргузор гардид. Аз ҷониби кормандони осорхонаи таърихӣ марбут ба ҳамон давраи тақдирсоз таҷҳизоту маводҳо ва аксу нишонаҳо китобу лавозимотҳо ва монанди онҳо ба намоиш гузоштанд, ки тақдири  таърихи гузаштаву ҳозираро мепайвандад.

Инчунин, бахшида ба Рӯзи Президент таҳти унвони “Президент-садоқат ба Ватан” ва ба муносибати ҷашни “Рӯзи парчам”-и давлатииҶумҳурии Тоҷикистон гӯшаи намоишӣ ташкил карда шуданд.

Бояд зикр намуд, ки соли сипаришуда аз ҷониби кормандони муассиса маводҳои илмӣ аз ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ дар саҳифаҳои рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, ”Ҳақиқати Суғд”, ”Тирози ҷаҳон”, ”Сухани халқ”,”Баҳори Аҷам” рӯйи чоп омаданд. Дар сомонаи маҷмаа зиёда аз 170 адад мақолаҳои илмию хабарӣ ба табъ расонида шуд. Инчунин, дар давраи нимсола дар маҷмуъ Осорхонаҳои маҷмааро 43899 нафар тамошо карданд, ки аз ин 3066 нафарашон сайёҳони хориҷӣ кишвар мебошанд. Дигаре бошад, бо ташаббуси Ассотсиатсияи рушди сайёҳии ”Зарафшон” ва меҳмонхонаи ”Гранд Отелл” ба ифтихори Рӯзи умумиҷаҳони ҳифзи кӯдакон дар Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ фестивали “Офтобак”баргузор гардид.

Дар мавзеъи Боғи фарҳангию истироҳатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, баҳри ободонии муҳити зист, зиёда аз 460000 адад гулҳои гуногунранги мавсимӣ ва 138 адад дарахтони ҳамешасабз шинонида шудаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ зина ба зина таъминоти муассиса бо мутахассисон беҳтар гардида, музди маоши кормандон зиёд ва талаботи тамошобин ба ин муассисаи мазкур афзуда истодааст.

  Муассисаи давлатии ”Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд”,  баҳри иҷроиши нақшаи “Обуна-2023” ба 33 номгӯй рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ ба маблағи умум 8062,82 сомонӣ обуна гардидааст. Бо вуҷуди ноил шудан ба дастовардҳои назаррас  дар  пешбурди  фаъолияти меҳнатӣ ба кормандони муассиса имкон дод, ки ба нодиртарин нигораҳои таърихӣ, ки бозгуйи тамаддуни миллати сарбаландӣ тоҷикро муаррифӣ менамояд, чун маркази илмӣ-фарҳангӣ  саҳми бузург хоҳад гузошт.

 Ҳочӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРушди муассисаи фарҳангӣ
Scroll to Top