Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ба китоб умри дубора бахшид

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел, шоирони бузурги форсу тоҷик оламро ба тайёраи андеша сайр гардониданд. Баъди пайдоиши хат одамони қадим имкон пайдо карданд, ки дар рӯи санг, чӯб, устухонҳо, пӯсти ҳайвонот нақш офариданду навиштанд. Хулоса бо мурури замон дар натиҷаи ихтирои қоғаз назми нави китобдорӣ ҷорӣ гардид. Китоб асосан навиштаҷоти варақаҳои ҷилдшуда ва нигоҳдории маъмурият, идея, образ ва донишҳо мебошад. Осори классикон низ тавассути китоб то замони мо эҳё гардида олами тафаккури мардумро мисли субҳ равшан гардониданд. Дар урфият ”Хонаи бекитоб, рӯзи беофтоб” мегӯянд.

Хушбахтона, ин анъанаи некӣ гузаштагон, яъне санъати китобдориву сухансозӣ дар Муассисаи давлатии ”Маҷмааи фарҳангию таърихии”Қалъаи Хуҷанд” боқӣ мондааст. Дар фонди Осорхонаи таърихӣ якчанд китобҳои қадима аз ҷониби мардум харидорӣ карда шуда, ба монанди китобҳои”Ҷангномаи Шоҳ Ҷамшед ибни Таҳмурсаи Девбанд”, ”Достони Зайн-ул-араб” ва “Баёзи ашъори туркӣ”, афсӯс, ки китобҳо фарсуда саҳифаҳои аввалу охир надорад, соли нашр ва муаллифашон маълум нест. Аз тарафи мутахассис реставратсия карда шуд, ки ба китоб умри дубора бахшид.

Бояд гуфт, ки неъмати бузург ба хони маънавии мардум, ки ба фонди Осорхонаи таърихӣ гузошта шудаанд, он ҳама донишҳо ва арзишҳое, ки тавассути ин китобҳои таъмиргашта дастраси хонандагон мешавад, чӣ таъсире хоҳад гузошт?

Оре, ”Ганҷ магир-китоб гир” гуфтаанд. Ганҷ агар масраф гашта сарф шавад, китоб як умр чун дӯсти бовафо боқӣ хоҳад монд. Кормандони фонди Осорхонаи таърихии вилоятӣ Суғд, эҳтиромона дар ин раванд аз Шумоён хоҳиш менамояд, ки дар манзилу макон китобҳои дастхатҳои гузаштагон шояд, вуҷуд дошта бошад, дастрас намоед, айни муддао мегардад. Дастгирии Шумо дар ин раванд  заминаи сарбаландӣ, баъд аз вайрон шудан ва барқарор намудани китобҳои қадима ва даъвогари ифтихор аз таъриху фарҳангӣ халқи тоҷикро дар фонди Осорхонаи таърихӣ боз ҳам  ғанитар ва фароҳам хоҳад овард.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБа китоб умри дубора бахшид
Scroll to Top