Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Масраф ва эҳтиёткорӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Масъалаи сарфа, эҳтиёткорӣ ва исроф дар ҷомеа, алалхусус дар мавсими фасли зимистон яке аз масъалаҳои муҳимми мубрами рӯз ба шумор меравад. Сарфакорӣ на танҳо малакаи ҳамарӯза ба ашё дар зиндагӣ, балки бомаҳорату  уҳдабароёна ба иҷро расонидани ҳар як шахс мебошад.

Дар луғатномаи забони тоҷикӣ маҳфумҳои асосии алоқаманд бо сарфаю сариштакорӣ чунин тафсир шудааст: масраф, эҳтиёткор, ихтисор кардан дар хароҷот, ҳушёркор, мулоҳизакор, зиёд харҷ кардан ва ғ. Ҳамаи ин маҳфумҳо ишора ба он мекунад, ки мо бояд ба сарфакорӣ роҳ надиҳем. Сарфакор будан на фақат маънои неъматҳои мавҷударо эҳтиёт кардан, балки зиёд истифода бурдани онҳоро мефаҳмонад. Одами боинтизом сарфакор ва эҳтиёткорӣ дақиқ мешавад. Бале, чунин ашхосони эҳтиёткору  босарфа,  дар Муассисаи давлатии” Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд” кам нестанд, ки талаботи масрафи  босарфаи истифодабарии нерӯи барқро дар мавсими фасли зимистон бараъло метавон ҳис кард. Ин на фақат дар ҷойи кор сарфакории нерӯи барқ, балки масрафи вақт, об ва лавозимотҳои корӣ ба ин монанд, ҳатман риоя карда шавад. Албатта, гуфтан ҷоиз аст, ки сармуҳандиси муассиса Шокиров Шуҳрат бо мутахассисони шуъбаи техникӣ эҳтиёткорона, мақсаднок ва сарфакорона, оид ба истифодабарии нерӯи барқ ҳамарӯза талош меварзанд, ки талабот зиёд аст. Дар урфият мегӯянд ”Зиндагии чароғ аз равған аст”. Агар ба чароғдон аз ҳад зиёд равған резем, аз лаби чароғдон берун меояд ва фатилаш зери равған монда хомӯш мешавад, яъне дар ҳолати исроф сабаби хомӯшии равшанӣ мешавад. Пас, маълум мешавад, ки дар ҳама кор эътимолу меъёр бояд, риоя карда шавад. Дар ҳаёти ҷомеаи мо масъалаи таъмин намудани нерӯи барқ, дар фасли зимистон бо чанд мушкилиҳо рӯ ба рӯ мегардонад. Аз ин рӯ, бо ҳар гуна гармидиҳандаҳои худсохтаро истифода мебаранд, ки дар натиҷа қувваи барқ аз меъёр зиёд масраф гардида, ҳолати вайроншавии дастгоҳҳои барқдиҳанда ва барои таъмири онҳо вақту маблағи зиёд масраф мегардад. Фаромӯш накунем, ки ҳама чиз меъёр дорад ва масрафу этиёткорӣ ҳисси эҳтиром ба меҳнати ҳамаи аҳли ҷомеа ба назар гирифта шавад.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод – Маркази иттилоот

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМасраф ва эҳтиёткорӣ
Scroll to Top