Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

САДОИ РАДИО

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳар саҳар вақте ба кор мешитобем, тозагию ободии гирду атроф дили касро болида, чашмҳоро равшантар мегардонад. Гоҳе аз дидани партовҳои қади кӯча, ки бисёре одамон аз пешаш мегузаранд бо дидан замон таъби кас хира мешавад. Баръакс, замоне ки вориди Боғи фароғатию истироҳатии ба номи Камоли Хуҷандӣ мешавӣ, аввалин чизе, ки таваҷҷуҳро ба худ ҷалб мекунад, ин тозагии гирду атроф, роҳраву гулгаштҳо ҳувайдо мегардад. Низому тозагии саҳнаи боғи истироҳатӣ ва дохилӣ он гӯё бо ҳам таровати тозае дошта бошад. Баъд аз шунидани ҷақ-ҷақи овози паррандагон ва тамошои табиати рангоранги зебоманзар садои радио ба гӯш мерасад ки зери лаб сурудро бо шунидан замон зам-зама кардам.... Субҳ ба хайр, эй зӣ саҳар тозатар чашмаи ойинаи имони ман.... Субҳ ба хайр, эй нафаси гарми ишқ....  Хандаи хуршеди тоҷики ман, субҳ ба хайр.

Бале, дар Муассисаи давлатии ”Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ҳар саҳар аз соати 6:00 то 23:00 бо мавҷи ҒМ-102,7 тозатарину хабару гузоришҳо, баҳсу таҳлилҳои гуногунро аз тоҷикистону минтақа ва ҷаҳон пахш мегардад,ки коргардони бахши радио Ҳасанов Шуҳрат ҳамарӯза дастгоҳҳои мавҷпаҳнкунӣ ва овозро омода мекунад.

Дар даромадгоҳи боғи фароғатию истироҳатӣ бо донишҷӯи коллеҷи санъатӣ ба номи Содирхон Ҳофиз, ки Фаррух ном дошт, вохӯрдам. Ӯ гуфт ман бештар лаҳзаҳои холигиамро аз табиати нотакрори боғи биҳиштосо бо шунидани садои радио аз эҷодиёти ҳофизони мумтозу нотакрор Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯрабек Набиев, Ҷӯрабек Муродов, Наимҷон Маҳкамов, Афзалшо Шодиев ва сарояндагони ҷавону соҳибистеъдод Алишер Набиев, Ғолибҷон Юсупов, Анвар Ахмедов ва дигаронро аз шунидан ҳаловат мебарам ва ба эҷодиёти онҳо дилбастагӣ дорам.

Албатта, нақши радио дар инъикоси ҳамаи ҷанбаҳои зиндагӣ, расонидани иттилоот, хабарҳои тоза ба мардум новобаста дар ҳама айёми фаслҳои сол дар боғи фароғатию истироҳатӣ назаррас  ва беназир аст, ки саҳми радиошунавоӣ хело калон мебошад.

Хушбахтона, дар ҳар канори гӯшаву канори Тоҷикистони соҳибистиқлол пахши мавҷҳои радио, на фақат дар боғи биҳиштосо, балки дар манзилу дохили нақлиётҳо сабти барномаҳои ҷадиду ҷаззобро мардум бесаброна гӯш мекунанд

Бигзор, ҳар субҳи бомдодон дар саросари кишвари азиз, садои “Субҳ ба хайр, эй Тоҷикистон” пахш гардад.

Ҳочӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСАДОИ РАДИО
Scroll to Top