Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҷаласаи ҷамъбастӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳамасола кормандони илмии шӯъбаҳои таърих ва таърихи давраи муосир кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ашёҳои таърихиро аз мардум ҷамъоварӣ намоянд. Дар давоми сол 10  ҷаласаи харидории ашёҳои таърихӣ баргузор гардид, ки ба фонди осорхона 549 адад экспонатҳо ҷамъоварӣ карда шуда, 207 адад ба фонди асосӣ, 338 адад ба фонди ёрирасон ва 4 адад ба китобхона ворид карда шуданд. Миқдори умумии фонди асосии осорхонаи маҷмаа 16612 адад экспонатҳоро ташкил медиҳад.

Аз сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғд ашёҳои таърихӣ, ҳунарҳои кашидадӯзӣ ба монанди; ҷойнамоз, сӯзаниҳои дастидӯз, ашёҳои мисин; офтоба ва кӯзаҳои мисин, кӯзаи ороишии ҳунарманди машҳур  Соҳибов С. харидорӣ карда шуданд.

Яке аз маводҳои беҳтарин, ки ба мо дастрас гардид офтобаи мисин мебошад. Офтоба як навъи машҳури зарфи мисин мебошад. Офтобаро барои шустани дастон истифода мебурданд. Он зерпоя дошта, дар танаш ба таври барҷаста нақши бодом дорад. Гарданааш дарозрӯя буда, гирди даҳон ва ҷумакаш бо нақшҳо оро дода шудааст.

Кӯзаи ороишӣ амали ҳунарманди машҳур Соҳибов С. буда, бо як усули хоси кулолгарӣ сохта шудааст. Он кас асосан кӯза, хумча, косаю табақҳо месохтанд, ки намуди гуногуни  маҳсули дастони ин кулолгар дар осорхона ба намоиш гузошта шудааст.

Ҳунари кашидадӯзӣ низ яке аз ҳунарҳои қадима буда, занони тоҷик ҷойнамоз, зардевор, сӯзаниҳоро  ба тариқи дастидӯз бо гулҳо ва нақшҳои зебо оро медоданд.

Нақшу нигори ҳунари кашидадӯзӣ, зарфҳои мисин таҷассумгари олами зебои рангини ҳунари тоҷикон буда, дар онҳо розу рамзи таъриху фарҳанги гузаштаи ниёгон нуҳуфтааст ва бинандаро бо ҷаззобияти худ мафтун месозад.        

Хоҷаева М-мудири шӯъбаи

таърихи давраи муосири

МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҶаласаи ҷамъбастӣ
Scroll to Top