Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Виҷдони пок

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳар як инсон ба худ обрӯю ақлу донишу маърифат дорад. Виҷдон бошад ин шарафу номус аст. Агар инсон виҷдони пок дошта бошад аз рафтори беҷо, кори ношоямаш хело шарм медорад. Виҷдонаш роҳ намедиҳад, зеро виҷдон посбони шараф ва нангу номус аст. Баъзе ҳам худ мушоҳида мекунем, ки дар ҷамъият шахсоне пайдо мешаванд, ки бо виҷдонашон қасам мехӯранд. Чунки виҷдони ҳар як шахс роҳбаладу муррабии беҳтарин шахсро намегузорад, ки ӯ ҷинояте содир карда бошад. Одами бовиҷдон хуб мефаҳмад, ки бад кисту бадӣ чист? Албатта, дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” қариб, ки ҳамарӯза, оид ба ин мавзуъи виҷдон баҳсу фикру андешаи худро баён накарда бошанд. Ба кор дер намондан ё барвақт рафтан ба монанди инҳо, яъне ҳамешагӣ байни худ талқин мекунанд, ки аз манфиат холӣ нест. Пас, шахси поквиҷдон гуфта киро мегӯянд? Мехостам ба ин савол худам посух диҳам. Дар ботини инсон виҷдон чизи покиза ва қимматарин аст, ки ҳамаи қувваҳост. Виҷдони пок беҳтарин ва ҳимоятгару ҳамсафари доимии инсон мебошад. Аз ин рӯ, шахсони ҳаётдида поквиҷдониро ним давлат гуфтаанд. Дар асл одами бевиҷдон ба ҳар кори паст даст зада хиёнат мекунад, ҳам зарар меорад ва ҳам ба виҷдонаш хиёнат мекунад, ки ба монанди хори саҳро ба пойи ҳар кас неш мезанад. Шахси бевиҷдон метавонад ба Ватан, халқу миллат, ҳатто ба фарзанду падару модари худаш хиёнат мекунад. Имрӯзҳо шукрона мекунем, ки ҷомеаи мо ба даврони истиқлол қадами боустувор гузоштааст, ки аз ҳар вақта дида шахсони поквиҷдону дурандеш беш аз беш зиёдтару бомаърифат  буданд ва ҳастанд. Албатта, он омӯзгоре, ки виҷдони пок дорад бе дониши мукаммал ба синф намедарояд ё духтуре, ки соҳибвиҷдон аст ба беморон муносибати дуруштсухани накарда бо суханони нарму мулоим аз рӯйи виҷдони покаш муолиҷа мекунад. Шоир ё нависандае аз рӯи виҷдони покаш шеър ё асар эҷод мекунад, ки он мардумро ба сулҳу дӯстӣ даъват мекунад, на ба тафриқаю ҷудоандозӣ, яъне виҷдони пок ба ҳама чун обу ҳаво зарур аст. Виҷдон дар ботини инсон чун офтобест, ки роҳи шахсро дар зиндагӣ мунаввар месозад. Вай зебдиҳандаи пиру ҷавон аст. Виҷдони пок осоиши хубу дили ором ва тану ҷон аст. Шахси бевиҷдонро ҳеҷ кас дӯст намедорад ва ба ӯ бовар ҳам намекунанд.

Ба қавли шоир, ки гуфтааст:

Хӯи бад бар тан балои ҷон бувад,

Мардуми бадхӯй кай инсон бувад.

Даъват мекунам дар зиндагӣ, ҳамеша бо амри виҷдон кору фаъолият ва баҳри ободии ҳарду ҷаҳон барои хуррамии кишвари хеш заҳмат кашем.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОВиҷдони пок
Scroll to Top