Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Муаррифии анвои хатти форси-тоҷикӣ (дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ)

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Пеш аз он ки оид ба пайдоишу такомул ва навъҳои хат сухан равад, донистани он, ки хат чист ва хусусияту вазифаҳои он аз чиҳо иборатанд, аз аҳаммият холӣ нест. Хат воситаи сабти нутқ буда, ин ё он ҷузъи нутқро бо ёрии аломатҳои тасвирӣ ифода мекунад, барои аз як ҷо ба ҷои дигар фиристодан ва дар вақти муайян воқеъ шудани онро сабт кардан имконият медиҳад, яъне ба воситаи хат замону макони вуқӯи нутқ сабт мегардад.

Хат бо таърихи башар алоқаи бевосита дорад, вай баробари пешравию тараққии ҷамъият такмил ёфт, суфта шуд ва дар шакли имрӯзааш то ба мо омада расид.

Навъҳои маъмултарин ва асосии хати гузаштагонамон, ки бо номи «усули шашгона», «ақломи ситта» ва ё «усули ситта» машҳур аст, шомили хатҳои сулс, насх, муҳаққақ, райҳон, тавқеъ ва риқоъ мебошад, ки асоси ҳамаи он хати кӯфист.

Дар идомаи мақола тавзеҳотеро дар хусуси хат ва анвои хушнависӣ  меорем. Дар аввал намудҳои хате, то ҳол вуҷуд доранд ва мавҷуд буданд, зикр мешавад:

  1. Хати таълиқ
  2. Хати настаълиқ
  3. Хати шикастаи настаълиқ
  4. Хати кӯфӣ
  5. Хати райҳон
  6. Хати тавқеъ
  7. Хати риқоъ
  8. Хати сулс
  9. Хати насх
  10.  Хати муҳаққақ
  11.  Хати мусалсал

ХАТТИ ТАЪЛИҚ Хатти таълиқро шояд метавон аввалин хатти комили форсӣ донист. Ин хат яке аз навъҳои  хатти хушнависии форсӣ аст, ки дар байни садаи ҳафтум аз таркиб ва инкишоф додани ду хат «тавқеъ» ва «руқоъ» ва таҳти таъсири хатҳои форсии пеш аз ислом ба вуҷуд омадааст.

Вожаи «таълиқ» дар луғат ба маънои «даровехтани чизе ба чизе» аст. Хати таълиқ бештар ба унвони хати таҳрири ва барои навиштани номҳо ва фармонҳои ҳукумати ба кор мерафтааст.

Пайдоиши хати таълиқ ба асри Х тааллуқ дорад ва баъзеҳо Хоҷа Абӯлол ва баъзеи дигар Ҳасани Форсиро эҷодкори ин хат донистаанд.. Хати таълиқ заминсози пайдоиши ду хати дигари форсӣ, яъне настаълиқ ва шикастаи настаълиқ буд .           

 Ин хат бештар мавриди истифодаи котибони дарборҳо ва девонҳои ҳукуматӣ будааст. Аҳмад ибни Алии Шерозӣ, Абдурраҳмон Музаҳҳиб, Хоҷа Абдулҳаи Муншӣ, Дарвеши Балхӣ, Хоҷа Ҳиротӣ, Муҳаммад Козими Исфаҳонӣ дар навиштани хати таълиқ аз хушнависони беҳтарин маҳсуб меёфтанд.

     ХАТИ НАСТАЪЛИҚНастаълиқ яке аз шеваҳои хушнависии форсӣ аст. Ин вожа чунонки дар тазкираҳову мураққаот ва ашъор омадааст, аз ду вожа «насх» ва «таълиқ» таркиб ёфтааст. Хати настаълиқ дувумин хати вижаи форсӣ-тоҷикӣ маҳсуб меёбад. Ҳеҷ нишонае мабнӣ бар пайдоиши хати настаълиқ пеш аз нимаи дувуми асри ҳаштуми ҳиҷрӣ вуҷуд надорад. Бештари пажӯҳишгарон асосгузори ин хатро Миралии Табрезӣ (соли тав.760/1359) донистаанд, аммо иттилооти аниқе дар ин бора вуҷуд надорад. Танҳо Султоналии Машҳадӣ дар рисолаи худ «Сироту-с-сутур» Миралии Табрезиро асосгузори ин хат донистааст.

Бояд қайд намуд, ки Миралии Табрезӣ аз муҳимтарин мураввиҷону қоидагузорони хати мазкур ба ҳисоб меравад. Бино ба маълумоти донишмандони ҳунари хат Миралии Табрезӣ то соли 775/1373 настаълиқ менавишта ва хати настаълиқ ба унвони хатте тоза ва мустақил барои китобат ҷойгоҳи хешро ёфта буд. Хати настаълиқ дар таърихи худ таваҷҷуҳи ҳазорон котибро ба худ ҷалб намудааст. Метавон гуфт аз чор се ҳиссаи хушнависони ҷаҳон ба ин хат рӯ овардаву осори зиёдеро ба ин хат мерос гузоштаанд.

ХАТИ ШИКАСТАИ НАСТАЪЛИҚ Яке аз дигар хатҳои зебои форсӣ буда, бо печҳову ҳаракатҳои бисёр зебояш шинохта мешавад. Хатти шикастаи настаълиқ аз ҷадидтарин хатҳои хушнависи исломӣ ва савумин хати зебои форсӣ маҳсуб мешавад. Пайдоиши онро ба аввали асри XVII ва ихтирои онро ба шоири он аср Муҳаммад Шафеи Ҳиравӣ маъруф ба Шафео нисбат додаанд. Муҳаммад Шафеи Ҳиравӣ аз нахустин касонест, ки шикастаи настаълиқро ба сурати зебо даровардааст. То асри XVII фармонҳову номаҳо асосан бо хати шикастаи таълиқ навишта мешуданд. Азбаски шикастаи настаълиқ дар зебоиву зуднависӣ аз шикастаи таълиқ бартарӣ дошт, ҷои шикастаи таълиқро гирифт. Ин хатро барои китобат кардани асарҳо низ истифода бурда мешуд. Дар инкишофу пешрафти хати шикастаи настаълиқ хушнависи машҳури асри XVIII Дарвеш Абдулмаҷиди Толиқонӣ хидмати бисёре кардааст.

ХАТИ КӮФӢНахустин ва қадимтарин навъи хати арабист, ки ҳамаи навъҳои дигари хати арабӣ аз он ибтидо гирифтаанд. Далели интихоби номи кӯфӣ барои ин хат ин аст, ки хати кӯфӣ мансуб ба шаҳри Кӯфа аст ва гуфта мешавад, ки дар он ҷо шакл гирифтааст.  Қадимтарин намунаи ин хат аз қасри Наммора (Сурия) соли 328 мелодӣ ба даст омадааст. Чуноне ки дар боло зикр кардем баъди ислом ин хат хеле интишор ёфт ва хати бисёри халқҳоро аз байн бурда ҷойгузиниӣ онҳо шуд. Хати кӯфӣ дар аввал нуқта ва ҳаракат надошт ва ин хондани матнҳоро ниҳоят душвор мекард. Барои рафъи ин мушкили ҳаракатҳо ихтироъ гардид. Мувофиқи тасдиқи аксарияти муҳаққиқон ин кор дар замони халифаи  чаҳорум Алӣ ибни Абӯтолиб аз тарафи Абуласвади Дуалӣ иҷро шудааст. Вале матнҳои нуқтадоре, ки пеш аз ислом навишта шуда бошанд, то кунун кашф нашудаанд ва ин ақида бе исбот аст.

Хати кӯфӣ аз рӯи мавқеи истифодааш ба  се намуд ҷудо мешавад:

 1. Кӯфии сода, ки барои навиштани китобҳои динӣ ва ғайра ба кор мерафт. Хати кӯфии сода қонуну қоидаҳои муайян дошт, ки онро риоя кардани ҳар котибу хаттот зарур буд.

 2. Кӯфии тазйинӣ (ороишӣ, зинатӣ) ягон қоидаю қонуни махсусе надорад ва дар он эҷодкорӣ ба ҳадди аъло расидааст.

 3. Навъи дигари хати кӯфӣ ин кӯфии тазйинии маъқалӣ мебошад. Ин навъи хати кӯфӣ дар биноҳои таърихи шаҳрҳои Осиёи Миёна фаровон ба кор рафтааст. Аз хатотони машҳури хати кӯфӣ – Ибни Муқла, Ибни Баввоб, Қутба, Холид ибни Абуҳайёҷ, Иброҳим ва Юсуфи Сиғзӣ ва Исҳоқ ибни Ҳаммодро метавон ном бурд. Аз хушнависони замони муосир чун Ҳабибуллоҳи Фазоилӣ, Саидҳусайни Хобунободӣ, Азизиддин Вакилӣ, Муҳаммадалии Аттори Ҳиравӣ,  дар навиштани хати кӯфӣ маҳорати бузург нишон додаанд. 

ХАТТИ РАЙҲОН – Хати райҳон яке аз навъҳои хати арабист, ки одатан аввали калима ва сатрҳоро бо он менавиштанд. Ин навъи хатро дар асри Х Ибни Муқла ихтироъ кардааст. Хати райҳон баргирифта аз хати насх аст. Аммо бар асоси шакл ҳуруфу таркибот он ба хати муҳаққақ наздиктар буда, ҳатто зарифтар аз он аст. Бархе, низ ин хатро ба Ибни Баввоб нисбат медиҳанд, зеро ӯ барои ин хат ва зебосозии он талошҳои шоёне кардааст. Хати муҳаққақ ва райҳон дар аввалин назар шабеҳи хатти сулс ҳастанд, аммо дар асл тафовутҳои бисёр возеҳе дар шакли ҳуруфи онҳо вуҷуд дорад. То садаҳои X то XI, хатти райҳон барои навиштани «Қуръон» дар бисёри кишварҳои мусалмонӣ истифода мешуд. Хатти райҳон нисбат ба хати муҳаққақ муддати нисбатан зиёд истифода бурда мешуд.

ХАТТИ ТАВҚЕЪХатти тавқеи яке аз анвои хатти хушнависӣ аст, ки дар замони хилофати Маъмун халифаи Аббосӣ оғози навишти ин хат ва дар қарни V ҳиҷрӣ комил гардид. Таҳаввули ниҳоии хати тавқеъ дар асри IV ҳиҷрӣ иттифоқ афтод. Аҳмад ибни Маҳмуд мулаққаб ба Ибни Хозун аз шогирдони Ибни Баввоб ва аз муридони вай барои пешрафт ва ривоҷу равнақи ин хат саҳми бештаре гузоштааст. Ин хат бештар дар имзо ба кор мерафтааст ва ба ҳамин далел номи тавқеъ (ба маънии имзо) барои он интихоб шудааст. Мавриди корбурди ин навъи хат бештар дар навиштаҳои муҳими ҳукуматӣ ва динӣ будааст.

ХАТТИ РИҚОЪХатти риқоъ яке аз анвои хатти хушнависӣ исломӣ аст, ки бештар барои мактуботи хусусӣ бар рӯи қоғазҳо нигориши китобҳо ривоҷ доштааст. Калимаи «риқоъ» ҷамъи калимаи «риқъатун» аст ба маънии пораҳо ва навиштаҳои мухтасар ва ба маънии сафҳаи кӯчак аст.

Ин хат асосан барои пайғомҳои кӯтоҳ истифода мешавад. Намояндаи машҳури ин хат, ки тавассути ӯ ин хат машҳур гардидааст – Шайх Ҳамдуллоҳ ал-Амосӣ мебошад. Ба василаи  ӯ ин навъи хат машҳур гардидааст. Имрӯза хатти риқоъ аз мутадовилтарин хутутест, ки дар сар то сари кишварҳои араб ба кор меравад.

ХАТТИ СУЛС – Яке аз анвои хатти хушнависӣ аст. Аз ин хат бештар барои зинату оро додани китобҳо ва катибаҳо истифода мебаранд. Дар инкишофу таҳаввули хати сулс хидмати Ибни Муқла, Ибни Баввоб, Юсуф ва Иброҳими Сиғзӣ ва Ёқути Мустаъсимӣ ниҳоят калон аст. Хати сулс барои навиштани унвони сураи «Қуръони карим», сарлавҳаҳо ва бахусус дар катибаҳо ба кор рафтааст ва он ҳанӯз  роиҷ  аст.

ХАТТИ МУСАЛСАЛ – Навъи хатти арабӣ, ки ба хатти сулс ва тавқеъ монандӣ дорад. Дар сарчашмаҳо ихтирои ин навъи хатро ба Аҳвали Муҳаррар нисбат додаанд. Ҳарфҳои хатти мусалсал ба ҳам пайваст ва муттасиланд. Ягон ҳарфи он аз якдигараш ҷудо навишта намешавад. Муҳаммад ибни Ҳасани Таййбиро аз хаттотони машҳури хатти мусалсал ном бурдан мумкин аст. 

ХАТТИ НАСХ – Аз хатҳое маҳсуб мешавад, ки бисёр пеш рафтааст. Дар луғат вожаи «насх» – «нусханависӣ кардан» ва «рӯнависӣ намудан» шарҳ ёфтааст. Дар бораи пайдоиши хати насх Абулаббоси Қалқашандӣ дар китоби худ «Субҳа-л-иъшо фӣ синоъати-л-иншо» маълумот додааст. Ба ақидаи Қалқашандӣ ин хат марбут ба дусад сол қабл аз Ибни Муқла аст ва онро ба расму шеваи насхи пешрафта аз кӯфӣ менавиштаанд, дидааст. Агарчи то кунун эҷодкори ин навъи хат ба таври илмӣ собит нашудааст, бархе аз муаллифин дар рисола ва китоби худ, асосгузори хати насхро Ибни Муқла донистаанд.

 Хати насх аз оғози пайдоиш дар тамоми кишварҳои исломӣ мавриди таваҷҷуҳу аҳамият қарор дошта ва бештар барои китобати Каломуллоҳ ба кор мерафтааст. Баъзе муҳаққиқон ақида доранд, ки хати насх пеш аз Ибни Муқла низ вуҷуд дошт ва он на аз сулс, балки аз муҳаққақ сарчашма гирифтааст. Аз намояндагони барҷастаи хати насх Алӣ ибни Ҳилол маъруф ба Ибни Баввоб, Ибни Муқлаи Байзовии Шерозӣ, Абӯабдуллоҳ Ҳасан ибни Алӣ, Абдуллоҳи Сайрафӣ, Мирзо Аҳмади Найрезиро метавон зикр намуд.   

ХАТТИ МУҲАҚҚАҚ – Хати муҳаққақ як навъи хати арабӣ, шакли такмилёфтаи хати кӯфист. Вожаи «муҳаққақ» дар луғат ба маънои «таҳқиқшуда, дақиқ» омадааст, нахустин хаттест, ки дар оғози хилофати Аббосиён аз хати кӯфӣ сохта шудааст. Хаттоти машҳур Ибни Муқла ин хатро такмил дода, дар тарзи навишти он шеваи хосе ҷорӣ карда буд. Аз ин рӯ, хати муҳаққақро аз ихтирооти Ибни Муқла донистаанд. Баъди Ибни Муқла дар такмили хати муҳаққақ хидмати хаттотони номдор Ибни Баввоб ва Ёқути Мустаъсимӣ калон аст. Дар боби зебонависи хати муҳаққақ Ақвали Муҳаррик, Абдуллоҳ ибни Муқла, Ҳамдуллоҳи Бухорӣ ва Абдуллоҳи Ҳисорӣ хеле моҳир буданд.

Ниҳоятан ба ин натиҷа расидан мумкин аст, ки анвои хат дар ҳар давру замон ташаккулу такомул ёфтааст ва аз оғоз то кунун барои ҳалли масъалаи тезтару зеботар навиштани хат ва такомул додани навъҳои он нигаронида шудааст.

Ин омил боис шуда, ки навъҳои гуногуни хат ихтирову илми хаттотӣ инкишоф ёбад ва ба ин васила исми чандин хаттотон ҳамчун асосгузори ин ё он хат мондагор гардад.   

Д.Исобоев – мудири шуъбаи дастхатҳо

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМуаррифии анвои хатти форси-тоҷикӣ (дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ)
Scroll to Top