Такмил аслан аз калимаи арабӣ буда, маънои пурра кардан, мукаммал намудан, ба камол расонидаро дорад. Ҳар касе, ки ба коре азм мекунад, онро соҳиб мешавад ва боз мукаммалтару малака ва маҳорат пайдо намудан кӯшиш менамояд. Агар ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ нигарем, барои донистани касби хеш такмилу ихтисос ва маҳорату дониш ҳатмӣ мебошад.
Имрӯзҳо дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, қариб ки ҳар рӯз донишҷӯён барои таҷрибаомӯзӣ, такмил додани сатҳи дониш ва сайқал бахшидани малака лар паҳлӯи кормандони пуртаҷрибаи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, донишу ихтисоси худро мукаммалтару ғанитар мегардонанд, зеро ин тақозои замон аст. Ҳаёт пеш меравад, таваҷҷуҳи меҳмонон ва сайёҳони хориҷиву ватанӣ дар Осорхонаи таърихӣ зиёд шуда истоданд ва ҳамаи ин аз назари шогирдони имрӯза набояд берун монад. Барои он ки шогирдонро ба ҳаёти имрӯза омода созанд, кормандонро чун омӯзгор лозим меояд, ки худ пайваста омӯзанд, такмили малака ва маҳорати касбии хеш намоянд.
Албатта, чунин омӯзгорон дар Осорхонаи таърихии вилоятӣ Суғд кам нестанд,ба монанди Мирзоева Иноятхон, Ӯрмонҷонова Адиба, Исҳоқӣ Фарида ва Сайфиева Шарифа барин кору фаъолият мебаранд. Зиндагӣ ин худ майдони омӯзиш, андӯхтани таҷриба, такомул ёфтану пеш рафтан аст, ки тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: “Ватанро танҳо кадрҳои соҳибкасбу бомаърифат обод мекунанд, давлатро шаҳрвандони донишманду баландихтисос муқтадиру нерӯманд мегардонанд ва пешрафту суботи ҷомеа аз сатҳи донишу фарҳанг ва ҷаҳонбинии онҳо вобастагии мустақим дорад.”
Дар ин раванд, аҳли кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “ Қалъаи Хуҷанд” дар асоси илму дониши хеш барои пойдории рушди тараққиёти соҳа ҳамарӯза бо донишу малака таҳкурсӣ мегузоранд.Ин таҳкурсиро кормандон бо кӯшиши донистан, дарк намудан, фикру андешаи худро бо таҳлилу мулоҳизаронӣ баён намуданд, ки дар байни меҳмонон маркази диққат қарор мегиранд ва озодаандешу озодабаён, навовару эҷодкор будани касби хешро нишон медиҳанд, ки мақоми сазоворро пайдо хоҳад кард.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот