Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Маҷнунбед

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дарахти бед ба худ хусусияти хос ва намуди зебо дорад, ки барои зеб додани боғҳои калон, истироҳатгоҳҳову чойхонаҳо ва ҳавзҳои маҳалла мувофиқ аст. Дарахти бед дар баробари ҳусни зебо доштанаш боз хосиятҳои шифобахшӣ низ барои инсоният дорад. Дар ҳудуди боғи истироҳатию фароғатии Камоли Хуҷандӣ наздик аз 2000 бех дарахтон мавҷуд аст, ки дар байни онҳо маҷнунбед ҷойгоҳи махсуси хешро доро мебошад. Ин дарахти зебову дилнишин дар гирду атрофи деворасутунҳои мақбараи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ  шинонида шуда, он рамзӣ мебошад, зеро худ Камоли Хуҷандӣ дӯстори гулу дарахтон буда дар Табрез боғе бо номи “Чорбоғ” бунёд намуда буд. Ин ҳашт адад маҷнунбеди шохаҳои ба худ хоси овезон дошта ҳусни боғро боз ҳам дучанд намуда, таассуроти гиря кардан, ки гӯё бо эҳтироми самимӣ салом гуфта хуш омадӣ, эй мироби адаб  ба замин ламс карда бошад. Гарчанде, маҷнунбед ба  намуди дарахтони дарозумр ҳисобида нашавад ҳам, лекин дар беҳтарин ҷойҳо парвариш меёбанд. Аз рӯи гуфтаҳои як боғбоне, ки дар назди маҷнунбед меистод он решаи хеле тобовар, баргҳои резанда доранд, бинобар ин онҳоро нимсола ҳам мегӯянд. Дар идомаи сӯҳбат таъкид намуданд, ки намудҳои бед дар гирду атрофи боғ шинонида шуда тамоми сол вобаста ба иқлим парвариш меёбанд. Хусусияти асосии дарахти маҷнунбед дар он будааст, ки танаш хело сахт, тобовар ва рост мерӯяд, қабурғаҳои калон дорад, ки дар мурурӣ пирӣ бештар намоён мешавад. Барои инкишофи дарахти маҷнунбед, таъсири хуби нуриҳои офтоб ва намии замин кифоя будааст, ки бо тамоми зебогиаш ҳусни майдончаҳои боғро таровати тоза мебахшад. Дар идомаи сӯҳбат гуфт, ки системаи решаи дарахти маҷнунбед аз ҳад зиёд патакреша буда, онҳоро назди қубурҳо, асфалт ва иншоотҳо ҷойгир дошта барои шинонидан тавсия дода намешавад. Аз ин сабаб, дарахти маҷнунбед фазои кофӣ талаб мекунад, то ки решааш беҳтар инкишоф ёбад. Обёрии он бояд, доимӣ бошад, зеро обро зиёд талаб мекунад.

Боғбонони Боғи фароғатию истироҳатии ба номи Камоли Хуҷандӣ барои зиёд намудани дарахтони маҷнунбед шохчаҳои пухтарасидаро,  албатта дар фасли мавсими баҳор ба тарзи калитак ба замин мешинонанд, то ки шумораи ин дарахтонро зиёд намоянд.  Ин дарахтон ба тамошобинон ба ғайр аз ҳусну тароват бахшидан боз дар фаслҳои гармои тобистон салқинии форам низ мебахшад.

Ҳочӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМаҷнунбед
Scroll to Top