Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дуредгарӣ як навъи ҳунари ниёгони мо

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳунари дуредгарӣ, чӯбкорӣ дар таснифи касбу ҳунарҳои халқи тоҷик муайян кардани ҳавзаҳои хосаи ҳунармандон, касбияту ҳайати устоҳо ва дараҷаи ҳунарҳои дуредгарон, чӯбкорон мақоми махсусро ишғол менамоянд. Дуредгарӣ наҷҷорӣ, чӯбтарошӣ, яке аз касбҳои суннатии тоҷикон, ки ба коркард ва сохтани маҳсулоти чӯбӣ марбут аст. Дуредгарӣ ба ҳунарҳои дару тирезасозӣ, сандуқсозӣ, кандакорӣ, табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, созтарошӣ, кафшсозӣ ва чанде дигар, ки бо чӯб бевосита сару кор доранд, иртибот дорад. Шахсеро, ки ба ин кор машғул аст, дуредгар, наҷҷор, устои чӯбкор, ё чӯбтарош меноманд. Аз замонҳои қадим қариб дар ҳар деҳа устоҳои чӯбкор зиндагӣ ва ба мардум хидмат мекарданд.

Таърих оиди коркарди чӯб аз давраҳои қадим гувоҳӣ медиҳад. Чӯб аввалин маводи олоти меҳнат, аслиҳаи биносозии одамони қадим ба ҳисоб меравад. Чӯб воситаи ба таври сунъӣ истеҳсоли оташ, замбар, чигина, нақлиёти обӣ (сол, кема) ва ғайра шуда хизмат кардааст.

Асбобҳои дуредгарӣ табар, арра, теша, потеша, тешаи новак, тешаи чапновак, леса, ранда, искана, хоиск, парма ва ғайраҳо  мебошанд.

Дуредгарон асосан, чӯби дарахтони маҳаллӣ: бед, сафедор, чинор, чормағз, тут, зардолу ва ғайраро ба кор мебурданд. Устоҳои хонасоз аз маҳсулоти сохтаи дуредгарон: васаву болор, дастак, сутун, дару тиреза, тахтаҳои фаршу сақф, пешайвонҳоро истифода мекарданд. Олотҳои кишоварзию ашёҳои рӯзгор: чигина, юғу, сипор, занбар, шоха, курчаки гандумбоддиҳӣ, чархчӯб ва чахники дӯғкашӣ, куппӣ, табақу қошуқи чӯбин, оштахта бо тиракаш, ҷува (чӯбак), нонпар, сандалӣ, мизу курсӣ, ҷевон, ҳаллоҷӣ, дук ва чархи ресмонресӣ, дастгоҳи бофандагӣ, қисмҳои гуногуни дастгоҳи осиёб, ҷувози равғанкашӣ ва чандин олоти дигар ҳам ба заҳмати дуредгар тааллуқ доранд, ки шумораи бештари онро дар экспозитсияи намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Хона музей Камоли Хуҷандӣ  метавон назорат намуд. Дар коллексияи соҳавии фонди осорхона, имруз шумораи ашёҳои чубин 1600 ададро ташкил медиҳад, ки он аз маҳсули дастони моҳири дуредгарони тоҷик гувоҳӣ медиҳанд. Тамоми ин экспонатҳо аз мардуми шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҷамоварӣ гардидааст ва ин маърака ҳамасола аз тарафи кормандони илмии осорхона идома дода шуда, шумораи онҳо сол аз сол афзуда истодааст.

Мутриба Мамадҷонова – мудири шуъбаи

таърихи МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДуредгарӣ як навъи ҳунари ниёгони мо
Scroll to Top