Мувофиқи супориши роҳбарияти вилояти Суғд, гурӯҳи сафари корӣ дар робита номзадии Муҳаммадҷонов Муҳаммадҷон - Омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд, Иброҳимов Иброҳим - Омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ва Мухаммадӣ Комил - Директори Филиали корхонаи вохиди давлатии “Тоҷиксуғурта” дар вилояти Суғд барои сафари корӣ ба вилояти Красноярск пешниҳод гардиданд.
Ҳайати меҳмонони вилояти Суғдро, шахсан Президенти Палатаи савдо ва саноати Сибири Марказӣ Рафаэль Шагеев истиқбол ва хайра мақдам намуд.
Дар раванди шиносоӣ маълум гардид, ки барои таваҷҷуҳ ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба бо кишвари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робитаи соҳаҳои тиҷоратию иҷтисодӣ ва рушди сармоягузорӣ, оиди имкониятҳои иқтисодию сармоягузории байни ду кишвар маълумоти бештар пешниҳод намуд.
Инчунин, аз ҷониби роҳбари Палатаи савдо ва саноати Сибири Марказӣ гуфта шуд, ки ширкатҳои фаъолияткунандаи кишвари Красноярск, ки беш аз 330 корхонаҳои мухталиф дар тобеъияти палата вобастагӣ доранд, бояд маҳсулоти содироту воридоти байни ду кишварро, оиди рушди иқтисодиёт ва сармоягузорӣ густариш дод.
Бояд гуфт, ки дар раванди вохӯрӣ аз корхонаҳои мухталиф мулоқот бо намояндагони ҳукумати Красноярск ошногӣ пайдо намуданд. Инчунин дар озмуни “WIN- WIN WOMEN 2022”, ки иштирокчии сазовори ҷоизаи тиҷорати Ирина Полещук, намояндагии лоиҳаи тиҷоратии “Уфуқи нав” дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, оид ба сайёҳӣ баромади мушаххас намуда, лоиҳаи мазкурро ҳимоя намудааст, ки робитаи байни ду кишварро вусъат хоҳад бахшид.
Баъдан, гуруҳи меҳмонон аз корхонаи ҶСП “Базилик”, ки бо сохтмонҳои хонаҳои ғӯлачӯбҳо омода намудааст, дидан карда карданд.
Дар раванди шиносоӣ аз корхонаи ба номи “Север”, ки қаиқҳои обии аэродинамикӣ ва киштиҳои ҳамаҷогардии замонавӣ истеҳсол мекунад, дидан карда шуд, ки технологияи техникӣ дар тараққиёт майл дорад.
Дар ҷараёни вохуриҳо доираҳои тиҷоратии ду ҷониба кишвари Красноярск ва вилояти Суғд, имкониятҳои тиҷоратии мутақобила дар соҳаҳои сайёҳӣ, электротехника, маҳсулоти сохтмонӣ, технологияҳо ва таҷҳизотҳои саноатӣ ва ғайра баррасӣ гардиданд.
Иброҳим Иброҳимов-Омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, тасаввуроти хешро боз як бори дигар ёдовар шуд, ки шаҳри зебо, соҳили чап ва рости шаҳр аз мобайн дарёи Енисей зеб медиҳад, биноҳои баландошёнаи замонавӣ, табиати ҷангалзори ҳаловатбахш, ки ба қалбу руҳи инсон қувваи нав бахшид, ки сафари корӣ бо хотираҳои неки робитаи судманд ба анҷом расид.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот