Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Гул дар дасти боғбон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо фарорасии мавсими фасли зимистон табиат ранги дигар мегирад, ин қонуни табиат аст. Имрӯзҳо дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд” дар Боғи фароғатию истироҳатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки барои мардуми кишвар як макони фароғатию истироҳати табдил ёфтааст, ки бо гулпӯш намудани ҳудуди боғи истироҳати аз ҷониби боғбони пуртаҷриба дар маҷмӯъ бо шинонидани намудҳои гулҳои рангоранги ба сарди зимистон тобовар, ба монанди гулкарамҳои гуногунранг бо маром идома дорад, ки ба мавсими фасли зимистон барои бинанда ҳаловати тозае мебахшад. Ҳар боғбон мехоҳад барои чунин кишти гулҳо аввал хоки заминро нарм ва омода намояд, то ки хуб нашъунамо ёбаду,  писанди чашми мардум гардад, яъне аз оғози фасли зимистон то аввали фасли баҳор парвариш ёбад. Бо чунин рафтори хоси гулкорон, гул дар дасти боғбон боз зебо гашта решаи онҳо меафзояд ва ба замин мутобиқ гашта, то аввали мавсими фасли баҳор монанди атласи махмалин дар рӯйи замин нашъунамо меёбад. Ин муъҷизоти замини диққати бинандаро ба худ ҷалб намуда, ба дунёи эҳсосот, яъне гӯё баҳор омадааст, ворид месозад. Дар асл дастони инсоният худ гул аст, ба он коре ё чизе, ки бо дасту қалби пок даст мезанад ҳатман зебо мегардад, ки гувоҳи ин суханҳо ба дастони моҳиру нозуки боғбонзанҳои маҷмаа бахшида мешавад. Онҳо бо як назокату навозиш ба гулҳо тавре рафтор менамоянд, ки гӯё тифле бошад. Аз ин рафтори нозуконаи онҳо на танҳо гул, балки тамоми шаҳру макони биҳиштосо ободу зебо мегардад.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОГул дар дасти боғбон
Scroll to Top