Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ливои парафшони мо

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Тоҷикон дар масири таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд бо хусусиятҳои хоси давлатдории худ фарқ мекарданд ва дар таърих аз худ хати равшанеро дар самти рамзҳои давлативу давлатдорӣ гузоштаанд.

Парчам аз қадимулаём ҳамчун рамзи давлатдориву ифодакунандаи ҳастии нерӯҳо буда, миллати тоҷик аз замонҳои пеш парчамҳои хоси худро дошта, дар ҳама ҳолатҳои таърихӣ онро парафшон менамуданд.

Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” – и безаволи худ парчамро ҳамчун “Дирафши Ковиён”- и аҷдоди ориёитаборамон дар муҳорибаҳо таҷассум намудааст.

Аз ибтидо то ба имрӯз парчам ба ҳайси як нишона ва аломати қавм, халқ ва миллати муайян арзёбӣ гардида, дар парчамҳо, пеш аз ҳама заминаҳои таърихию тамаддунӣ ин ё он кишвар ва халқу миллатҳо инъикос ёфтаанд.  

Парчами давлати ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи  XVI сарнавиштсози Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида буд, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботу сиёсӣ ва ваҳдату миллӣ қабул гардид.

Бо мақсади гиромидошти ин рамзи муқадасси миллӣ 20- ноябри соли 2009 бо Фармони Президенти мамлакат 24- ноябр- Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Парчами миллӣ  ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар қатори дигар кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид Парчами Тоҷикистон дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон мебошад. Ҳамчунин, парчам чун рамзи давлатдории тоҷикон дар бинои тамоми идораҳои давлативу маъмурӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои кишварамон насб гардидааст.

Бигзор, Парчами миллӣ, ки симои сиёсии давлати моро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум менамояд, ҳамчун рамзи ҳуввият, давлатдорӣ, якпорчагии  кишвар ҳамеша поянда бод!

Дар Осорхонаи таърихии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба ин рӯз гӯшаи намоишӣ таҳти унвони “Парчамдориву парчамбардорӣ мероси ниёгон аст” ташкил карда шудааст.

Хоҷаева Муҳаррамахон - мудири шӯъбаи таърихи давраи муосири МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЛивои парафшони мо
Scroll to Top