Рӯзи Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз идҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар сол 24 ноябр дар саросари кишвари азизамон ҷашн гирифта мешавал. Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатии тоҷикон соҳиби парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардиданд. Бояд гуфт, ки Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳанги халқи тоҷик буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Парчами давлатӣ барои тоҷикон, нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқи азизамон мебошад. Аҳли ҷомеаи меҳнатии кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд” кулли мардуми кишвари азизро бо орзуҳои нек, ки Парчами миллӣ-рамзи давлатӣ соҳибистиқлоли тоҷикон ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик барои ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номуси миллат ва таҷассуми муҳаббату садоқати ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, сидқан муборакбод менамояд. Парчамат парафшон бодо, эй Тоҷикистони азиз!
Ҳочӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот