Ҳар як инсони асили ватандӯст гузаштаи миллати хеш, фарҳангу таърихи ниёгонро набояд фаромӯш кунад, зеро бе гузашта имрӯзро мо наметавонем дид, ояндаро низ наметавон интизор шуд. Ҳамин рӯзҳо ҳар як кору амале, ки аз мо шуда мегузарад, барои инсон таъсири хуб ё бад ва ё баръаксаш мегардонад. Оё ба пешравӣ ноил мегардад ё не?
Дар кадом ҳолате набошад, инсон аз он дарси ибрате мегирад. Он дарси ибрат аст, ки новобаста аз қобилияти фикрии муҳит дар ёди инсони дилсӯз нақш мебандад. Бале, гузашти рӯзгор кони хираду маърифат ибрати покизагист.
Султони шоирон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фармуданд:
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Оре, ҳақ аст гузашти рӯзгор ибратест барои фардо. Ҳар як лаҳзаи зиндагӣ ин аз гузашта дарак медиҳад, ки омӯзандаи алфози наву гуногунмаънист, ки албатта онро инсони бузургдилу андешаманд метавонад эҳсос кунад. Бояд, ҳар як инсони комил соҳибақл бошад, хубро аз бад, некро аз бадӣ, дӯстро аз душман фарқият бахшад. Аз ин сабаб, Парвардигори карим бо қудрати илоҳиаш дар вуҷуди инсон иффату виҷдону имон офаридааст, ки ӯ бояд дӯстдори миллати Модар - Ватан бошад. Пас, месазад гӯем, ки бояд шитофт, то ақлу заковатро барҷо кор фармуда, аз дирӯзу имрӯзи ҳаёт ибрат бигирем, вагарна фардо аз поёни умри худ хори хоҳем кашид, зеро умр равон аст. Таҷрибаи рӯзгор пайваста аз бехирадон соҳибхирад, аз бадон некӣ, аз дармондагон коромӯз ва аз нокасон инсони комил месозад.
Инсон, ки худ сармеъмори зиндагии хеш аст, аз ҳар як хубу зишти ҳаёт ибрате падид меоварад. Набояд аз лаҳзаҳои сардӣ зиндагӣ дилмонда бошад. Пас, азизон дар ҳаёт ҳамеша зираку пухтакор, бомаърифат бошем, то ки инсони комил гардем, вагарна фурсати зиёду таҷрибаи зиндагӣ гарон ва пушаймони ба миён наояд, чунки инсон худ кони зиндагӣ аст.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот.