Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Қаламдон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Қаламдон, қуттие, ки дар он қалам, мӯйқалам ва дигар асбоби китобатро нигоҳ медоранд. Қаламдонро асосан аз чӯб ва филиз сохта, одатан онро нақшу нигор ё ҳаккокӣ мекарданд. Ба рӯи қаламдонҳо асосан нақшҳои ислимӣ (навъе аз кандакорӣ), нақши барг, парранда, навиштаҷотҳои арабӣ ва ғайра тасвир меёбанд. Қаламдонҳо аз давраи қадим вуҷуд дошта, ба мурури замон шакли онҳо гуногун шудаанд. Дар ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон кандакорон баробари сохтани дигар ҷузъҳои меъморӣ қаламдонҳои зебое тайёр кардаанд, ки то имрӯз беҳтарин намунаҳои ҳунари бадеии халқ ҳисоб меёбанд.

Ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, соли равон қаламдоне харидорӣ гардид, ки он ба аввали асри ХХ тааллуқ дорад. Он аз филиз сохта шуда рангаш зарҳалӣ мебошад. Худи қаламдон шакли росткунҷа дошта, дар як қисмати он зарф барои давод пайваст шудааст. Тана, сарпӯш ва зарфи давод бо нақшҳои ислимии майда ҳаккоки шудааст. Боз якчанд намуди қаламдонҳо дар маъхази осорхона мавҷуданд ва дар толори намоишии осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба намоиш гузошта шудаанд.

Пӯлотова Нигорахон - корманди илмии шӯъбаи таърих

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҚаламдон
Scroll to Top