Падару модарро иззату эҳтиром намудан, онҳоро бузургу муътабар донистан ва аз гуфтаҳои онҳо сар напечидан, ба ризогии онҳо коре накардан, суханҳояшонро рад накарда иҷро намудан фармудаи Худованд аст. Дар ҳолати пирӣ падару модар ба кӯмак ниёз доранд. Мо бояд, дар ин марҳилаи пирӣ бо ифтихор ба онҳо дасти ёрӣ дароз намоем.
Мо аҳли кормандони муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, қариб ҳар рӯз, оид ба иззату эҳтиром нигоҳ доштани волидайн байни худ сӯҳбат мекунем, аз панду гуфторҳояшон ёдовар мешавем, агар дунёро падруд гуфта бошанд аз Худованди бузург раҳмату мағфират талаб менамоем. Чунки падару модар ба ҳамагон азизу муътабар ҳастанд.
Мутаассифона, баъзе ашхосоне пайдо мешаванд, ки дар айёми пирӣ ба ҷойи кумак аз онҳо дурӣ мекашанд. Шариати ислом ҳамеша инсонро ба риоя намудани одоб ва иззати падару модар дар ҳама вақт даъват мекунад ва аз ин рӯ, амр медиҳад, ки ҳамеша фармонбардорӣ онҳо бошем ва аз гуфтаи калимаи ”уфф” худдорӣ намоем. Чунки Худованд мефармояд, яъне уфф нагуед эшонро.... руй бар эшон турш накунед, ҳар чӣ гуянд, нек бишнавед ва бо ҷон қабул намоед.
Чун даъват кунанд ҳозир шавед. Худро дар назди падару модар бо тавозуъ нигоҳ доред. Бе дастури падару модар ба сафар набароед. Дар наздашон боодоб нишинед ва пой ба тарафи онҳо дароз накунед. Агар гурусна бошанд таом бидиҳед ва бараҳна бошанд либоси нав пӯшонед. Кушодадаст бошед ва моли худро кушода кунед ва гуед, ки ин молҳо фидои Шумост. Ҷавонони азиз, оқилона кушиш намоед ва ба қадру заҳматҳои кашидаи онҳо бирасед. Пирони рузгордидаву кордида хеле хуб фармуданд, ҳар касе, ки падару модар аз ӯ розӣ бошад, Худованд ҳам аз вай розӣ ҳасту дарҳои биҳишт дар рӯяш кушода аст. Аз ин рӯ, ”Падару модар розӣ - Худованд розӣ” вирди забони ҳамагон гардидааст. Ҳадиси мубораки Расули Худо (с.а.в.) мефармояд:
“Эҳсон (хубӣ) ва нофармоникунандаи падару модар, доим азият медиҳад ба биҳишт дохил намешавад, озордиҳандаи падару модар бе ҳеҷ шакку шубҳа дӯзахӣ будааст. Шукри Худованд мегӯем ва бо туфайли давру замони истиқлолият, ки имрӯз ҷавонони азиз бо як иззату мартабаи баланд волидайни худро албатта, аз азал ҳам эҳтиром мекарданд ва ба қадру манзалати онҳо расида соҳибдуо гардида истодаанд.
Ҳочӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот