Дастгирии пайваста ва мунтазам зоҳир намуданӣ ғамхорӣ ба соҳаи фарҳанг ва аҳли кормандони он як самти муҳими сиёсати тамаддунпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишварро фарогир буда, дар вилоят низ ҷиҳати татбиқи ин сиёсат корҳои азим амалӣ мегардад.
Таҷдиду азнавсозии маҷмааи фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», бунёди оромгоҳи шоири классик Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, қасри фарҳанги «Гулистон» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, ободонии оромгоҳи шоир Нақибхон Туғрал ва бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Айнӣ, идомаи корҳои таъмиру таҷдид дар муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои вилоят иҷрои дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ маҳсуб ёфта, дар соли «Барномаи рушди фарҳанг» мо тасмим гирифтаем, ки дар баробари такомули корҳои созандагӣ барои таъмини китобхонаҳои ҳудуди вилоят бо китобҳои тозанашр, технологияи замонавӣ, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бо асбобҳои мусиқӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ба дастаҳои ҳунарию театрҳои касбӣ чораҳои мушаххас андешем.
Таъсиси сомонаи «www.qalai-khujand.tj» -ро дар соли ҷашнҳои таърихӣ фоли нек ҳисобида, итминони комил дорам дар замони ҷаҳонишавии андешаҳо ин иқдом метавонад дар тарғиби фарҳанги миллӣ, огоҳии аҳолӣ аз навгониҳои соҳавӣ, омӯзиши таърих, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, тарбияи насли худогоҳӣ фарҳангӣ ва муҳим аз ҳама рақобатпазирии тамаддуни миллӣ хизмати мондагорро ба анҷом расонида, муштариёни худро бо навидҳои хуш ва даъватпазир ба ҳимояи дирӯзу имрӯз ва ояндаи Ватани азизамон Тоҷикистон ҳидоят хоҳад кард.
Бигзор сомонаи «www.qalai-khujand.tj» чун сомонаи ахлоқӣ, фарҳангӣ, сарчашмаи ғановату асолати мардум хизмат намояд ва чун таҷассумгари ҷовидонии ваҳдату якдилӣ ва соҳибфарҳангию солории халқамон шуҳратёр гардад.