Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Рӯзи Президент муборак!

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Рӯзи 16-ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи Президент муайян карда шудааст.

Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16-ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шуруъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16-ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи  давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, дар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд таҳти унвони “Рӯзи Президент иди миллии мост” гӯшаи намоиши бахшида ба 16-ноябр Рӯзи Президент пазируфта шуд.

Аз номи аҳли кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд” кулли мардуми кишвари азизро бо Рӯзи президент самимона табрику муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки шумоён фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракот ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоем.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРӯзи Президент муборак!
Scroll to Top