Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ташрифи меҳмонони олиқадр

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 10-уми ноябри соли равон зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд ва баъд аз мулоқоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷҷаббой Аҳмадзода гуруҳи меҳмонон бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷойҳои таърихӣ ва аз ҷумла аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан намуданд. Дар ҳайати меҳмонон роҳбари Намояндагии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Шенни Кемпбелл ва инчунин сафири ҳайати иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундос Каробис ҳамроҳи намояндагони доимии Бонки ҷаҳонӣ ва Юнисеф дар Тоҷикистон ва роҳбари минтақавии Бонки Осиёгии рушд ҳузур доштанд. Меҳмононро омири кулии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”  Иброҳимов И. С. пешвоз гирифта аз таърихи таъсисёбии осорхона маълумот доданд. Баъдтар аз тарафи роҳбаладони ҷавони маҷмаа сайри илмӣ гузаронида шуд. Меҳмонон аз таърихи қадимаи тоҷикон огаҳӣ пайдо намуданд ва бисёртар онҳо ба рушди илму фарҳангу адабиёт дар охири асри XIX ва аввали асри XX таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Дар фарҷоми сайри илмӣ меҳмонон миннатдории самимии худро ба маъмурияти маҷмаа расонида, таасуроти неки худро дар китоби фикру мулоҳизоти “Меҳмонони фахрӣ” баён намуданд:

Ташаккури зиёд барои сайри илмии имрӯза дар осорхона. Ман аз шиносоӣ бо таъриху фарҳанги бой ва ҷолиби ин минтақа хеле шод шудам.

Шумо бе шубҳа, ганҷҳои зиёд, осори таърихӣ ва ҳам мероси одамони бузурги ин минтақаро доред.

Шенни Кэмпбелл

Намояндаи Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон

Ташаккури зиёд барои сайри илмӣ. 

Осорхонаи хеле хуб дар бораи таърихи халқи бузурги тоҷик.  Ман орзу дорам, ки фаъолияти пурсамари шумо барои тамоми миллати тоҷик боз ҳам пурсамартар гардад ва барои шумо ва миллати тоҷик тамоми хушиҳоро орзумандам

Раймундос Каробис

Сафири ҳайати иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон

Муродҷони Шовазир – роҳбалади осорхона

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТашрифи меҳмонони олиқадр
Scroll to Top