Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

«Ат-таърифот»-и Мир Саййид Шарифи Ҷурҷонӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Китоби «Ат-таърифот» аз ҷумлаи  осори илмию адабии алломаи номдори асрҳои 14-15 Мир Сайид Шарифи Ҷурҷонӣ маҳсуб ёфта, таърифи истилоҳоти илми фиқх, луғат, фалсафа, мантиқ, тасаввуф, наҳв, сарф, арӯз, балоғат, ҳайъат, риёзиёт, ирфон ва каломро фаро мегирад. Аз сабаби бисёрсоҳа будани таърифи истилоҳот номи китобро «Мӯъҷам-ут-таърифот» низ мегӯянд. Мир Сайид Шарифи Ҷурҷонӣ рисолаи мазкурро пурра бо забони арабӣ таълиф кардааст.

То рӯзгори Мир Сайид Шарифи Ҷурҷонӣ ҳудуди 10-15 китоб дар мавриди таърифнависӣ ва шарҳи истилоҳот таълиф гардида буд. «Ат-таърифот» дар миёнаҳои асри 14 дар даврае, ки мардум ба шарҳу тавзеҳи матнҳои илмию назарӣ ниёз доштанд, таълиф гардида худи Ҷурҷонӣ сабаби таълифи китобро зарурати пешомада таъкид намудааст. Ҷурҷонӣ дар таърифи мафҳумҳо, пеш аз ҳама, ба решаи калима таваҷҷуҳ намуда, сипас маънии истилоҳии онро шарҳ медиҳад.

Нусхаҳои хаттии «Ат-таърифот» дар китобхонаи Берлин таҳти №5378/9, дар китобхонаи Мавсил таҳти №25, китобхонаи Малики Теҳрон таҳти №2310/1, китобхонаи Маҷлиси шӯро таҳти №7530 ва китобхонаи Марказии донишгоҳи Теҳрон таҳти №9352 маҳфуз мебошанд.

Ин китоб ба забони форсӣ ва фаронсавӣ тарҷума шудааст. Нахустин маротиба Имрон Ализода мунтахабе аз онро ва баъдтар Ҳасан Саййид Араб ва Симо Нурбахш матни комили онро ба забони форсӣ тарҷума кардаанд. Соли 1994 ховаршиноси Фаронса Маврис Жолтун онро ба фаронсавӣ тарҷума кардааст.

Дар фонди Осорхонаи вилояти Суғд низ як нусхаи чопи сангии ин асар мавҷуд аст, ки он соли 1318/1900 таълиф шудааст. Андозаи китоб 24х16,5 буда, дар ҳар саҳифа 21 сатрӣ матн ҷой дода шуда, дар ҳошияаш баъзе ибораву калимаҳо шарҳ дода шудааст. 

Даврон Исобоев – мудири шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашр

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО«Ат-таърифот»-и Мир Саййид Шарифи Ҷурҷонӣ
Scroll to Top