Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Марде дар арсаи талошҳо

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ  дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, дар толори муваққати намоиш таҳти унвони ”Иҷлосияи тақдирсоз” ташкил карда шуд. Дар намоиш аксҳо ва хуҷҷатҳо оид ба рафти  иҷлосия гузошта шудааст. Инчунин сару либос, орден, хуҷҷатҳои яке аз вакили халқии РСС Тоҷикистон Ҳасанов Олимҷон Толибҷонович ба маъразӣ тамошобинон гузошта шудааст.

Ҳасанов Олимҷон Толибҷонович 2-юми августи соли 1947 дар оилаи яке аз аввалин маорифчиёни шаҳри Хуҷанд таваллуд шудаанд. Падарашон Толибҷон Ҳасанов яке аз муаллимони аввалини шаҳр, солҳои тӯлони сарвари омӯзишгоҳи мусиқии театри давлатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва боғи фарҳангӣ истироҳатии шаҳри Хуҷанд буданд. Модарашон Ҳасанова Хосиятхон низ яке аз аввалин муаллимаҳои шаҳр буданд.

Соли 1965 мактаби миёнаи №4 шаҳри Ленинобод (ҳозира ш.Хуҷанд) хатм карда ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил шудаанд. Аз курси сеюм ба Донишкадаи муҳандиси сохтмонии ба номи В.В. Куйбишеви шаҳри Москва гузашта онро соли 1970 хатм намудаанд. Давоми як сол дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор фаъолият бурданд. Тирамоҳи соли 1971 ба сафи Артиши Советӣ даъват шуда, муовини командири рота оид ба техника, сардори шуъбаи техники истеҳсолӣ ва сармуҳандиси отряди ҳарбӣ сохтмонии кисми ҳарбии 62368 хизмат карданд.

Соли 1973 дар идораи сохтмонии 8039 №10 трести «Ленинободсохтмон» ҳамчун усто, баъдан сармуҳандис ва директори маъмурияти корхонаҳои сохташудаистодаи Вазорати саноати маҳаллии Тоҷикистон фаъолият бурдаанд.

Баъд ба вазифаи сармуҳандиси умури сохтмони асосии комиҷроияи вилояти Ленинобод (ҳозира в.Суғд) гузаронида шуда, баъдтар сардори ҳамин умур таъин  шуданд.

Соли 1979 мудири шуъбаи саноату нақлиëти комитети ҳизбии шахри Ленинобод интихоб шудаанд, дар ин кор масъалаҳои рушди соҳаҳои хоҷагии шаҳр дар мадди аввал меистоданд.

Соли 1982 ба вазифаи сардори шуъбаи якҷоякунӣ ва ба нақшагирии маблағҳои сохтмони асосии Госплани РСС Тоҷикистон таъин шуда ва дертар котиби аввали комитети партиявии шаҳри Турсунзода интихоб шуданд.

Соли 1990 котиби аввали комитети партиявии шаҳри Ленинобод интихоб шуда, ҳамон сол Академияи фанҳои ҷамъиятии назди  Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравиро хатм кардаанд .

Соли 1988 ва 1990 ду маротиба вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуда, дар вазифаи аъзои комитети сохтмони давлати буданд. Аз охири соли 1991 то соли 1995 раиси комитети идоракунии амволи вилояти Ленинобод фаъолият доштанд.

Соли 1995 директори маъмурияти корхонаҳои  сохташудаистодаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд буданд ва кӯшиш мекарданд, ки сохтмони муҳимми иҷтимоӣ «Хатти обрасонии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Б.Ғафуров» тезтар ба анҷом расад, то ки аҳоли бештар ва зудтар бо оби нушокии хушсифати сойи Хоҷабақирғон таъмин шавад.

Соли  2020 дар синнӣ 73-солагӣ аз олам чашм пӯшиданд.

 Махсумов Шаҳром - роҳбалади осорхона

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМарде дар арсаи талошҳо
Scroll to Top