Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Либос як ҷузъи фарҳанги миллӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Либоси миллӣ муаррифгари ҳар як халқу давлати этникии миллатпарвар мебошад. Эҳтиром ба либоси миллӣ  ва расидан ба қадри арзишгоҳи миллии ниёгон ифодагари ихлоси самимияти миллат ба шумор меравад.

Ҳар як халқ ба худ либоси хос дорад, ки баёнгари як ҷузъи фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, ёдгорию меросе аз аҷдодонамон аст, ки тӯли қарнҳо шинамию зебогиашро  гум накардааст. Ҷома сару либоси таърихи  он қадима буда, дар ҳамаи фаслу сол вобаста ба омили ҷуғрофии маҳал ба бар мекарданд. Ҷома аз авра, астар, лаблӯла,  ҷиҳак фаравезӣ, пахта, бандак, тугма иборат аст. Ҷома якчанд хел мешавад. Ҷомаи мунисак, кимхоб, кундал, бахмал, зардӯзӣ, мурсак, подшоҳии заргар, зирагӣ,парча, парчафаранг, червонбиқасаб, румча, ҷанда ва ғ.

Дар асри XX дар Хуҷандшаҳр ҷомаи зирагӣ ва сандуфи сиёҳ нисбатан зиёд истифода бурда мешуд. Ҷомаи зирагӣ навдомодҳо сандуфи сиёҳро калонсолон, хурдсолон бошад, чапончаи подшоҳии зангарро ба бар мекарданд, он арзиши хеле баланд дошт.

Дар фонди Осорхонаи Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, намудҳои гуногуни ҷомаҳои қадима муттаалиқ ба охири асрҳои XIX ва аввали асри XX ва ба замони муосир хос маҳфуз мебошад. Яке аз ҷомаҳое, ки дар экспозитсияи намоишии “Халқи тоҷик дар давраи Чингизиён” дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба намоиш гузошта шудааст, ин ҷомаи “Ҷанда” мебошад. Ҷомаи ҷанда тахти рақами кв-301 э-327 дар китоби асосии сабт шудааст. Ҷомаи ҷанда яке аз  ҷомаҳои қадима ба ҳисоб рафта ба охири асри XIX таалуқ дорад. Ҷомаи ҷанда мардона буда, аврааш аз матои сандуфи сиёҳ дӯхта шудааст. Дар пушти ҷома нақшу нигор ҳаҷман калон дастидӯзи карда шудааст. Дар дохили он навиштаҷот бо ҳуруфоти арабӣ дорад. Либоси миллӣ нишоне, аз таъриху фарҳанги қадимаи ҳар як халқу миллат аст ва нигоҳдории он аз насл ба насл мерос гузоштани он вазифаи муқаддаси ҳар як зани соҳибхирад аст.

Исҳоқӣ Фаридахон - корманди илмии шуъбаи фонд

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЛибос як ҷузъи фарҳанги миллӣ
Scroll to Top