Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дӯстӣ бимонад ҷовидон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар доираи баргузории рӯзҳои фарҳангӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон аз санаи 2 то 4 ноябр соли 2022 аҳли фарҳангӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон бо сарварии сафири фавқулода ва мухтори  Ҷумҳурии Исломии Эрон  дар Тоҷикистон оғои Муҳаммадтақии Собирӣ  ва муҳаққиқон устодон, шиорону нависандагон ба вилояти Суғд ташриф намуданд. Бахшида ба ин рӯз санаи 3 ноябр дар Кохи фарҳанги “Маҷмааи Суғдиён” чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид. Дар ин ҷамъомади пуршукӯҳ меҳмонон ва аҳли соҳаи фарҳанги Ҷумҳури Исломии Эрон иштирок намуданд. Ба ин ҷамъомад муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин рӯзи фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику муборакбод намуда, аз бурду бохти дастовардҳои фарҳанги   Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.

Сипас, намояндаи фарҳанги Ҷумҳурии  Исломии Эрон Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон  оғои Муҳаммад Тақӣ Собирӣ ба сухан баромада, зимни суханронӣ  масъалаҳои рушди  ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ифтитоҳ ин чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони ин ду кишвар шеъру сурудҳои дилнавоз қироат карда шуда, бо хотираи нек ба анҷом расид.

Санаи 4 ноябр меҳмонон аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан намуданд. Дар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд омири кулли Муассисаи давлтии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳим Иброҳимов  пешвоз гирифтанд.

Инчунин, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, Сардори Раёсати фарҳангӣ вилояти Суғд Бахтиёр Қосимов, мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Абдураҳмон Шарипов, мудири бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд Тахмина Абдуқаҳорзода ва  донишҷӯён онҳоро ҳамраҳӣ намуданд. Сипас, роҳбалади Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Мирзоева Иноятхон сайри илмӣ гузаронида аз таъриху фарҳангӣ қадимаи халқи тоҷик, маълумоти мухтасар доданд. Баъдан меҳмонон таассуроти худро ба китоби мулоҳизот ёддошт намуданд.

Хоки мо номаи мо ба ҷониби ёр,

Менависад, вале ба хати ғубор.

                                             Бедил

Бо лутфи табъ мардуми Шероз аз Камол,

Бовар намекунанд, ки гуяд Хуҷандиям.

Дидор аз Осорхонаи вилояти Суғд яке аз лаҳазоти дилангезу ифтихорофарини ҳузур дар шахри бостонии Хуҷанд буд. Бардошти нахустин аз ин Осорхонаи арзишманд нишон медиҳад, ки Эрону Тоҷикистон ду ҷисм дар як рӯҳ хастанд. Иншооллоҳ, ки ин дӯстиву муваддат дар фузуниву истимрор бошад.

Бо эҳтиром Коваи Темурӣ!

Баъд аз боғи гулгашти фарҳангию фароғати гузар намуда, дар пояи муҷассамаи Шайх Камоли Хуҷандӣ меҳмонон аксбардори намуда, сипас аз мақбараи рамзи Хоҷа Камол бо дуои хайру фотиҳа зиёрат намуданд. Сониян аз Хона музейи Хоҷа Камол тарзи инъикоси ҳаёти асри гузаштаро бо нигораҳои миллӣ дидан намуда ба худ як тассавуроте бардошт намуданд.

Дар охири боздид ба меҳмонон  дастархони дӯстӣ дар айвони Хона-музейи Хоҷа Камол ороста шуда ба онҳо таомҳои миллӣ тоҷикон пешкаш гардид.       

Даврон Исобоев - мудири шуъбаи дастхатҳо

ва табъу нашр 

 

    

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДӯстӣ бимонад ҷовидон
Scroll to Top