Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Андеша оиди ифтихори миллӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Халқи тамаддунофари миллати тоҷик баъди аз ҳазорсолаҳо аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати хоссаро аз худ намудааст. Барои халқи тоҷик ин бахти безавол ва воқеан хеле бузургу фараҳбахш ва ифтихори миллат аст. Дар тули таърих халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардидааст. Дар ин раванд, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд солҳои зиёд таваҷҷуҳи меҳмонони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб карда истодааст. Гуфтан ба маврид аст, ки гузаштагони мо боре ҳам барои ғасби кишваре лашкар накашидаанд. Баръакс бо намояндагони ҳунару адаб дустӣ барқарор намуда, анъанаҳои писандидаро гулчин намуда бо нишондоди фарҳанги миллӣ пешкаши мардум гардониданд, ки хело дидан  боб аст. Агар  ба сафари шуарои дурандеш Шайх Камоли Хуҷандӣ назар афканем, худ далели гуфтаҳои болост. Ӯ тавонист дар тули сафарҳои худ аз кишварҳои зиёд дидан намуда, бозёфтҳои маънавии ҷомеаро дар асарҳояш ҷой додааст, ки имруз насли наврас истифода мебаранд. Метавон гуфт, ки бо фарорасии фазоӣ мустақили рушди сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ тадриҷан пеш рафтааст. Кишвари Тоҷикистон, ки ба суйи ҷомеаи демокративу дунявӣ қадамҳои устувор мениҳад, беякдилию ваҳдати ақлу амалии ҳар як шаҳрванди худ наметавонад аз имтиҳони ҷиддии таърих бигзарад. Яъне, рушди замони муосир ба ихтироъкорӣ, робита бо кишварҳои пешрафти дунё ниёз дорад, ки бояд ҷавонон бештар таваҷҷуҳ кунанд. Ҳоло он ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро чун кишвари озод мешиносанд. Аз ин лиҳоз, мо бояд мисли ангуштҳои як мушт, шохобҳои як руд, гулҳои як боғ, фарзанди як модар амал намуда дар бунёди меъмории давлати дунявӣ саҳмгузор бошем ва танҳо бо номи миллати хеш ифтихор кунем. Агар мо ифтихори миллӣ ва худшиносӣ надошта бошем, баҳри ободию озодии кишварамон талош карда наметавонем, чунки ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст. Гузаштагони ниёгони мо маҳз ҷавононро ба рафтору кирдори нек донистани таъриху фарҳангӣ худ ва пеш аз ҳама ба худшиносию ифтихори миллӣ ҳидоят мекунанд. Ба андешаи ман мо бояд, ҳамеша ҳисси баланди ифтихори миллӣ дошта, мисли ниёгонамон барои эҳё намудани таърихи аҷам ва ободии кишвари азизамон саҳмгузор бошем.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАндеша оиди ифтихори миллӣ
Scroll to Top