Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Санади танзимкунандаи ҷамъият

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Конститутсия олитарин санади ҳуқуқии кишвар ва роҳнамо барои танзими қонунҳо мебошад. Он муайянкунандаи усули сиёсӣ, сохтори сиёсӣ ва идоранамоӣ буда, ҳудуду қудрати сиёсии давлат ва таъину танзимкунандаи ҳуқуқу озодиҳои  шаҳрвандони кишвар аст. Ин санади олии ҳуқуқӣ тартиби ҳокимияти сиёсӣ, шохаҳои ҳокимият салоҳияти онҳо ва равобити байни шаҳрвандону ҳокимияти сиёсиро муайян месозад.

Бояд гуфт, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин дастоварди Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи тозаи рушди қонунгузории мамлакат асос гузошт. Он нахустин Конститутсияи кишвар дар даврони соҳибихтиёрӣ аст, ки бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 қабул гардид. Ҳамчунин, рушди қонунгузорӣ дар шароити ҳозира нишон медиҳад, ки Конститутсия оғози муваффақиятҳо дар масири давлатдории миллӣ буда, дар роҳи расидан ба дастовардҳои азими сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми бузург дорад.

Бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ мақсад ва вазифаи асосии давлат буда, кафолати амони гардидани онҳо дар Конститутсия муқаррар карда шудааст.

Ҳамин тариқ, Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи қабул гардидан, то ба ҳол вазифаҳои дар пешистодаро беҳтару сари вақт ба иҷро расонида, халқи тоҷикро бо талошҳои пайдарпайи Президенти мамлакат ба соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии мамлакат таъмин ва дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёр муаррифӣ  намуд.

Тоҷикистон ҷиҳати бунёди давлати демократӣ бо роҳи қабули Конститутсия тавонист арзишҳои демократиро, ки асоси онҳо ҳокимияти халқ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад, ҳамчун арзишҳои воло ҳифз намояд. Махсусан, кафолати Конститутсия дар хусуси он, ки инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ таъмин мешавад, аз унсурҳоест, ки ҷомеаи демократӣ онро талаб менамояд.

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” гӯшаи намоишӣ таҳти унвони  “Конститутсия - роҳнамои миллат” ташкил карда шуд, ки дар он китобҳо ва рӯзномаҳо  оиди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Хоҷаева Муҳаррамахон –

мудири шӯъбаи таърихи муосири

МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСанади танзимкунандаи ҷамъият
Scroll to Top