9 сентябри соли 1991 миллати куҳанбунёди тоҷик соҳиби давлати комилан мустақил шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти хешро дарёфт ва дар саросари олам ҳамчун кишвари тозаистиқлоли соҳиби Сарқонун, Парчами давлатӣ, Нишон ва дорандаи Суруди миллӣ муаррифӣ гардид.
Ин воқеаи фараҳбахш орзуи деринаи халқ буда, зеро омили ҳастии ҳар як миллат андешаи истиқлол ва бунёди давлати мустақили миллӣ мебошад. Давлати ҷавони тоҷик аз рӯзҳои нахустини таъсисёбиаш асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракуниро дар шароити нав танзим намуд, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дод. Ва барои ягонагии халқи тоҷик ва таъмини якпорчагии сарзаминаш саъю кӯшиши зиёде кард.
Дар чунин шароите, ки тоҷикон соҳиби неъмати бебаҳои истиқлолият шуданд, пешвои сиёсии босалоҳият, маъсулиятнок ва кордоне лозим буд, ки давлатро сарварӣ намуда, онро бо роҳи ваҳдати миллӣ, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ пеш барад. Маълум шуд, ки роҳбарияти онвақтаи сиёсии мамлакат дар шароити нав, шароити соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ набзи инкишофи ҷомеаро дарк карда натавонист, аз ӯҳдаи ба ҳаракатҳои нави мардумӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ сарварӣ кардан ва ба ҷараёни дилхоҳ равона намудани онҳо набаромад. Воқеаи он рӯзҳои Тоҷикистонро ба ҷуз беҳокимиятӣ дигар хел шарҳ додан мумкин набуд. Фалаҷ шудани ҳокимият ва набудани маркази ягонаи идоракунӣ дар мамлакат, авҷ гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ, афзоиши ҷинояткорӣ, бӯҳрони амиқи сохторӣ, мавҷуд набудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ метавонист ба пора шудани давлат, ҷудоии мамлакат ва парешонии миллат оварда расонад.
Хушбахтона, Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Хуҷанд доир шуд, дар роҳи қатъ ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ ва бақои миллати тоҷик дигаргунии куллӣ ворид кард. Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон бо як мавҳуми басо воло аҳамияти таърихии Иҷлосияи сарнавиштсози миллатро иброз менамояд:
“Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гавҳора будаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони тозаистиқлолро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд”.
Оре, Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатдории навро ташаккул ва тақвият дода, тамоми монеаҳо ва саддҳои дорои хусусияти ғоявию сиёсиро бартараф намуда, бо эҳёи фарҳангию таърихии халқ ва мамлакат оғоз бахшид. Бурди калони иҷлосияи сарнавиштсоз дар он буд, ки он ба майдони сиёсат фарзанди шоиста ва фарзонаи халқ Эмомалӣ Раҳмонро овард. Қарор дар бораи ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ва ҳамзамон Сардори давлат интихоб шудани ӯ аҳамияти аввалиндараҷа дошт. Мо имрӯз, бо гузашти сӣ сол гуфта метавонем, ки Тоҷикистон дар симои Эмомалӣ Раҳмон пешвои муваффақи сиёсиро пайдо кардем, ки мамлакатро дар ҷодаи инкишоф ва демократия пеш бурда тавонист, пешвое, ки дар ҷомеаи мо сулҳу осудагиро таъмин карда, обрӯи Ватанро дар саросари ҷаҳон афзун намуд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз он, ки ба халқ ва давлат роҳбари сазовору нотакрорро тӯҳфа намуд, боз пеши роҳи хатари нобудии халқу миллатро гирифт, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш сохт, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатиро барқарор сохт, барои таъсиси артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таҳкурсӣ гузошт, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт, ба ислоҳоти конситутсионӣ дар мамлакат оғоз бахшид, барои қабули Конситутусияи нави Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ муҳайё намуд, парчам ва нишони давлатро ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ тасдиқ намуд, имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имконпазир гардонид, ба ваҳдати миллӣ замима гузошт, дар мамлакат ба раванди бунёдкорӣ оғоз бахшид, ба беҳбудии аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум замина гузошт, симои сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд. Ба ин натиҷаҳо Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҳамчун воқеаи беназири миллат ба ҳукми таърих даромад. Таърихи сӣ соли баъди иҷлосия собит намуд, ки маҳз ҳамин анҷумани саодату сарнавиштсоз ва наҷотбахш дар тақдири халқу миллати мо, дар раванди хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ такони бузург гардид.
Ҳар қадаре, ки аз он рӯзҳои баргузоргардидаи иҷлосия дур мешавем, ҳамон қадар шаҳомат, бузургӣ ва қадри баланди он возеҳтару волотар пеши назар меояд. Ин иҷлосия ба рӯйдодҳое мансуб аст, ки самтҳои пешрафти ҷомеаро муайян намуда, сарчашмаи пайдоиши он самтҳо ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, имрӯз мешояд, ки мо ҳар як фарди тоҷик бахусус ҷавонон чун девори муҳакам дар канори Пешвои муаззами миллат саф баста, барои ободӣ, рушд ва нумӯи миллат камари ҳиммат бандему, дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатамонро сармашқи зиндагонии худ қарор диҳем. Пайваста бо ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллати хеш ифтихор намуда, барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии марзу буми он ҳамеша омода бошем.
Мамадҷонова Мутриба – мудири шуъбаи таърихи
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”