Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Тамошои кӯдакон аз осорхона

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Чи тавре, ки дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.12.2017сол) оид ба масъалаи дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд хеле хуб қайд намуданд: «Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем»

Бо назардошти гуфтаҳои зикршуда, имрӯзҳо дар ҷомеа бо кӯдакони аз ҷиҳати равонию ҷисмонӣ ва зеҳнӣ имконияташон маҳдуд дучор омадан мумкин аст. Гуфтан ба маврид аст, ки мафҳуми “кӯдакони имконияташон маҳдуд” басо мураккаб буда, он бештар ба он кӯдаконе истифода мешавад, ки дар онҳо нуқсонҳои норасоии руҳию ҷисмонӣ мушоҳида мешаванд. Бояд, кӯдакони имконияташон маҳдуд ва дорои талаботи махсуси таълим дар муассисаҳои таҳсилотӣ бояд бо ҳамсолони солим якҷоя таълиму тарбия гиранд, то ки маҳдудиятро ҳис накунанд ва дар ҷомеа мавқеи худро чун шаҳрванди баробарҳуқуқ ишғол намоянд.

Вобаста ба ин раванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд қабул карда шуд, ки ба хотири ҷалби кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таҳсил ва баробарҳуқуқи нишон дода шудааст.

Айни ҳол дар чумҳурӣ як қатор муассисаҳои таълимии махсус барои кӯдакони имконияташон маҳдуд фаъолият мекунанд, ки онҳо ба таълиму тарбияи чунин категорияи кӯдакон машғул мебошанд. Аз он ҷумла яке аз ин муассисаҳо Маркази хизматрасонии иҷтимоии шаҳи Хуҷанд мебошад, ки бо кӯдакони имконияташон маҳдуд барои таълиму тарбия фаъолият доранд, ки кормандони муассиса баҳри пешрафт ва сатҳи донишомӯзии кӯдакони имконияташон маҳдуд кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.  

Дар мавсими таътили тирамоҳӣ барои аз наздик шинос шудан аз МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” як гурӯҳ кӯдакони имконияташон маҳдуд аз Маркази хизматрасонии иҷтимоии шаҳри Хуҷанд бо сарварии мудири бахши кӯдакон Мадинахон Муллоева ва омӯзгорону волидони кӯдакон  ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ташриф намуданд. 

Ба кӯдакон роҳбалади осорхона Иноят Мирзоева сайри илмӣ гузаронида, ба онҳо ёдгориҳои таърихиву фарҳангии куҳани тоҷиконро аз наздик шиносоӣ намуданд ва онҳо аз ин шиносоӣ таасуроти маънавӣ гирифтанд.

Нодира Олимова - ҷонишини омир оид ба корҳои илмӣ

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТамошои кӯдакон аз осорхона
Scroll to Top