Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - бахтномаи миллати тоҷик

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Муассисаи давлатӣ Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ҳамоиш бо кормандон баргузор гардид. Омири кулли муассиса Иброҳим Иброҳимов бо сухани муқаддимавӣ баромад намуда ҳамагонро бо ин санаи тақдирсози миллат табрику муборакбод намуд. Сипас, суханро ба котиби масъули муассиса Ҳоҷӣ Валӣ Набизод дода шуд. Ӯ дар баромадаш қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ гуфта буданд:  “Ҳадафи  сиёси ин барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади вомақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд”.

Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки соли 1994 сурат гирифтааст, ки мардуми истиқлоли кишвари азизамон Тоҷикистони офтобрӯя 6 ноябри соли 2022,  28 солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамояд. Конститутсия бахтномаи миллат, ки тамоми ҳуқуқҳоямонро ҳамчун оина возеҳу равшан нишон додааст ва онро бо эътимод ҳифз менамояд. Беҳуда нест, ки онро китоби “Бахтномаи миллат” номидаанд. Конститутсия дар ҳақиқат бахтнома, ишораи роз ва ифтихори баланди миллати кишвар ба ҳисоб меравад. Он барномаи аниқу дақиқӣ амали давлату ҳукумат ва ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Албатта, шаҳрвандони кишвари азиз таҳти мафҳуми Конститутсия барҳақ бахту давлату шарафи худро мебинанд. Конститутсияи олитарину одилтарин қонунест, ки дар наздаш тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлоли биҳишт осоямон, новобаста аз дину мазҳабу забон, миллату халқият, ҷинсу нажод ва вазифаю мақому мартабаашон ҳама баробаранд. Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори беҳтарин конститутсияҳои давлатҳои ҷаҳон эътироф гардидааст. Дар моддаи 1 он қайд карда мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимои буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодиро фароҳам меоварад. Васлгари пояҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд дар Конститутсия инсон мебошад. Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайри инсонӣ раво дида намешавад. Беҳуда, Конститутсияро қосиди тақдирсози миллат, санади ҳуқуқӣ наменоманд, чун ки он инъикосгару ифодакунандаи хоҳишу иродаи ҷомеа буда, тамоми аҳолии кишварро бо сулҳу ваҳдат, осоиш, якдигарфаҳмӣ, иттиҳоду иттифоқ, дустию бародарӣ, сарҷамъӣ ҳидоят менамояд, яъне ин Конститутсия ба яке аз сарчашмаҳои бо эътимоду асосии таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи ҷамъиятию давлатии ҷумҳурии соҳибистиқлоламон табдил ёфтааст. Давлати мо тавассути ин Конститутсия ҷузъи томи баробарҳуқуқии ҷомеаи байналмиллалӣ буда, сиёсати хориҷии худро бо назардошти манфиатҳои миллии кишвар ба роҳ мондааст.  

Бо шарофати Истиқлолият ва Конститутсия фаъолияти сиёсии давлат берун аз кишвар васеътару самарабахш гардидааст. Имрӯз саросари ҷаҳон Тоҷикистонро медонанд, ба забон мегиранд, ҳурмат мекунанд.Ин бузургтарин бахт, ифтихору саодати бепоён ва шукри беадад аз истиқлол ва қудрати Конститутсияи кишварамон мебошад.

Чӣ хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд “Конститутсияи  Тоҷикистон ҳамчун ифодагари азму ирода, равшангари роҳи ҳаёти мардум воқеан санади тақдирсозест,  ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро таъмин  мекунад”.

Албатта, сабаби ба вуҷуд омадани ин рӯйдоди бузурги таърихӣ тақозои замон, пешравии ҷомеа ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқи эътибори олии ҳуқуқи дорад, арзиши олии миллат ҳисобида мешавад.  Мувофиқи ин қонун, ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода  мешавад. Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад. Конситутсия барои сулҳу салоҳ ва ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозидааст. Оре,халқу давлати мо ба қабули Конситутсияи кишвар ба оламиён нишон доданд, ки қодиранд сарнавишти худро бо ҳама душворию мураккабиҳояш ҳал бикунанд, давлати демокративу ҳуқуқбунёду дунявӣ созад. Ҷавҳари фалсафаи Конститутсия аз андеша, адолат, озодиву истиқлолият, баробарҳуқуқии тамоми аҳли башар ва ҳукумати мардум ба мардум манбаъ мегирад.

Аз ин лиҳоз, халқи кишварамон амалан ихтиёри давлатдориро ба дастгирифта, асосҳои ҳуқуқии барпо намудани давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро гузошта, ислоҳоти Конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид ва заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохта дар кишвар раванди бунёдкориро оғоз намуд.

Мо бо боварии том гуфта метавонем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муқаддас, китоби бахтномаи миллат буда, мисли чароғест, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.

Аз ин хотир, кушиш намоем, ки Конститутсияро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрӯзу фардои мардуми тамаддунсози тоҷик эҳтиром кунем ва ҳамеша аз рӯи муқаррароти он амал намоем.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази итиллоот

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - бахтномаи миллати тоҷик
Scroll to Top