Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Шанбегӣ дар МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободонию тозагӣ вусъат гирифта истодааст. Ҳар ҳафта рӯзи шанбе, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маорифу фарҳанг ва муассисаҳои давлатӣ дар ҳашари оммавӣ фаъолона ширкат намуда истодаанд, ки муассисаи мо низ аз он орӣ нест.

Аҳли кормандони Муассисаи давлатии маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ҳашари дастаҷамъона ташкил намуда, шанбегии умумимаҷмаавӣ гузарониданд. Дар рафти кор аҳли ҷомеаи меҳнатӣ нишастгоҳҳо, панҷараҳои иҳотавии ҳудуди боғ, пояи пайкара ва мақбараи Хоҷа Камоли Хуҷандиро тоза намуданд. Баробари тозаю озода гардонидани ҷӯйборҳои обгузар, роҳравҳои калони канори ҳудуди маҷмаа рӯбучин карда шуданд.

Инчунин, майдончаҳои назди даромади Осорхонаи таърихӣ ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ аз алафҳои бегона тоза гардиданд. Айвонҳои ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ аз партовҷой ба тартиб дароварда шуданд. Мавзеи маҷмаа аз алафҳои худрӯй ва зарпечакҳо тоза карда шуда,  дарахтони ҳудуди боғ, ниҳолу буттаҳо аз шоху баргҳои хушк тоза гардида ба шакл дароварда шуданд.  

Баҳри сазовор пешвоз гирифтани  меҳмонони хориҷиву дохилӣ, аҳли ҷомеаи меҳнатӣ ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Яҳёева Дилрабо - корманди

МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОШанбегӣ дар МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Scroll to Top