Ба муносибати таҷлили Рӯзи кормандони иттифоқҳои касаба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳангии Маҷмааи “Суғдиён” чорабинии идона баргузор гардид. Дар ин ҷамъомади пуршукӯҳ меҳмонон, донишҷӯён, собиқадорони меҳнат, намояндагони иттифоқи касабаҳои ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд. Сухани муқаддимавиро Раиси иттифоқи касабаи коркунони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Қодирова Фотима ҳусни оғоз бахшид. Ӯ ҳозиринро бо ҷашни фархунда табрику муборакбод намуда аз бурду бохти дастовардҳои фарҳанг, илму маориф, варзиш ва сайёҳӣ дар вилояти Суғд ибрози андеша намуд.
Сипас, муовини аввали Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Исмоил Файзизода ба сухан баромада, оид ба рушди иқтисод, илму фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ дар мамлакат ва рушд ёфтани он, ки нақши роҳбарони иттифоқҳои касаба хело назаррас будани он қайд намуд. Ӯ ибрози ақида намуд, ки боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани равнақу рушди фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ кӯшиш ба харҷ бояд дод.
Сониян, Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Абдуллозода Шарифуллоҳ бо суханронии пурмуҳтаво аҳли ҳозиринро бо таҷлили ҷашни пуршукуҳ табрику муборакбод намуда, дар ин соҳаи пурарзиш муваффақиятҳои нек таманно намуд.
Баъдан, аз ҷониби муовини аввали Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Исмоил Файзизода барои фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар таҳкими рушди ҳаракати иттифоқҳои касаба, ҳамкории судманд ҷиҳати ҳимояи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон ва бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касаба ба кормандони зерин, Сайфиева Шарифа Раиси иттифоқи касаба дар Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа ва Мирзоева Иноятҷон, роҳбалади Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз ва қадрдонӣ гардонида шуд.
Дар фарҷом, қисмати фарҳангии таҷлили ҷашниро ҳунармандони варзидаи Кохи фарҳангии Маҷмааи “Суғдиён” бо сурудҳои дилангез шукуҳи тоза бахшидаанд.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот