Санаҳои 15–16 октябри соли 2022 гурӯҳи начандон калони экспедитсионӣ иборат аз 3 нафар донишҷӯи факултаи таърихи ДДХ ба номи Б. Ғафуров, директори Осорхонаи таъхрихии вилояти Суғд – Бойматов М., Маҳмудов Нурулло – роҳбалади осорхона зери роҳбарии бостоншинос Раҳимов Н. ба яке аз дараҳои кӯҳи Муғул (ё худ Мевағул) рафта корҳои ҳафриёти гузаронидем. Ҳафриёти мо дар Тувак ном мавзеъ, ки тахминан 6 км дуртар аз деҳаи Чаманзор (собиқ Куюктол) дар самти шимол ҷойгир аст, қарор дорад. Дар ин мавзеъ соли гузашта дар рафти корҳои иктишофӣ (разведкавӣ) мавқеи 9 қӯрғон, яъне 9 қабри қабилаҳои кӯчманчӣ муайян карда шуда буд. Бинобар ин, мақсади экспедитсияи хурди мо ин кушода омӯхтани яке аз ин қӯрғонҳо буд.
Қӯрғони интихобнамудаи мо шартан «қӯрғони 1» номгузорӣ карда шуд. Диаметрҳои он 6 м (шарқ – ғарб) ва 7 м (шимол – ҷануб) аст. Баландии хокрезаи он («насқпҳ») 0,4 м аст. Ҳангоми тоза кардани хокрезаи «қӯрғони 1» чанд пораҳои сафол дарёфт шуд. Шакли зоҳирии сафолпораҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки онҳо ба таври дастӣ тайёр карда шудаанд.
Афсӯс устухони шахси гӯронидашуда дар дохили қӯрғон ёфт нашуд. Ин 2 сабаб дорад: ё қӯрғонро ғорат кардаанд ё ин кенотаф аст. Кенотаф калимаи юнонӣ буда, маънояш қабри холӣ мебошад. Вақте ки оварда гӯронидани ҷасади одами мурда бо сабабҳои гуногун ғайриимкон мешуд, хешовандони ин одам ба хотири = қабри холӣ месохтанд, зеро ақида доштанд, ки рӯҳи одами мурда бе қабраш ором нахоҳад ёфт. Ин тарзи дафнкунӣ дар Юнони қадим, Рим, Осиёи Миёна, Миср ва ғайра маъмул буд.
Дар баробари корҳои ҳафриётӣ аз тарафи мо якчанд петроглиф дарёфт карда шуд, ки онҳо дар минтақаҳои гуногун воқеъ буданд. 2 –адади онҳо дар сари роҳи мошингузар, 1-адад дар наздикии қӯрғонҳои зикршуда ва 2-адади боқимонда дар самти чапи дараи Оби Шифо (ё худ Шифобулоқ) ҷойгир шудаанд. Бештари расмҳо ба бузи кӯҳӣ бахшида шудаанд. Инчунин дар байни онҳо акси аспсавор, ки дар даст тиру камон дорад, тасвир ёфтааст. Дар болотари аспсавор боз як марде инъикос ёфааст. Хотиррасон менамоем, ки ин петроглифҳо ва умуман ҳамаи петроглифҳои кӯҳи Муғул солҳои 80 – уми асри гузашта аз тарафи бостоншинос Панфилов О. омӯхта ба қайд гирифта шуда буданд.
Маҳмудов Нурулло – роҳбалади осорхона