“Дар таърихи халқи тоҷик Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурӣ ба унвони санаи сарнавиштсози миллат асрҳои аср ёдоварӣ хоҳад шуд, чунки дар ҳаёти кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Солгарди ҳар воқеаи таърихӣ фурсатест, ки ба гузашти хеш назар карда, бурду бохтро мавриди таҳлил қарор бидиҳем”.
Эмомалӣ Раҳмон
Яке аз санаҳои бузурги таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон нақши барҷастае дорад. Тақдири давлат ва истиқлолият қувваҳои солими ҷомеаро ба мубориза барои ҳимоя намудани манфиатҳои ягонаи миллат ва пойдор намудани адолату қонуният даъват менамояд.
Бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибдавлатӣ ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон, ки ба шарофати он имрӯзҳо мо ба таъриху фарҳанги оламшумули худ имконияти фароҳам пайдо намуда, дар остонаи таҷлили 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ, ки дастоварди муқаддастарини халқи Тоҷикистон мебошад, қарор дорем.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазоӣ нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид.
Дар ҳақиқат тамоми нерӯву ғайрат ва ҳам ҳастияшро барои ояндаи дурахшони Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва зиндагии пурсаодати халқи азизаш сарф намуд, ки имрӯзҳо халқи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар бурда истодаанд.
Бахшида ба ин ҷашни бузург дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд конфронси илмӣ таҳти унвони “Иҷлосияи тақдирсоз” баргузор гардид.
Дар конфронс Фароғат Усмонова - мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, Абдулҳаким Шарипов - номзади илмҳои таърих, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддинов Бойпочо-номзади илмҳои техникӣ, дотсент, Муҳиддинов Ғафорхон, Шермуродов Дилмурод, Тоҳиров М, донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров-факултети таърих ва ҳуқуқ, Донишҷӯёни ДДҲБСТ факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ва намояндагони муассисаҳои зертобеъи раёсати Фарҳанги вилоят, намояндагони воситаҳои ахбори умум ва кормандони “МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доштанд.
Баъди анҷоми конференсия намоиш бахшида ба 30- солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Иҷлосияи тақдирсоз” дар толори намоишӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Сайфиева Шарифахон - мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ
ва робита бо ҷомеаи МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"