Мавсими фасли зимистон айёмест, ки паси сар кардани он чанд мушкилиҳоро рӯ ба рӯ меоварад. Муҳим он аст, ки маводҳои лозимаро бояд захира кард. Барои ба сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи фасли тирамоҳу зимистон қарорҳои дахлдори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисони вилояту шаҳр дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ, барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 ба тавсиб расонида шудаанд. Ин дастуру супоришҳо водор мекунад, ки бемонеа ва бидуни мушкилиҳо паси сар кардани мавсими фасли зимистон саривақт омодагӣ бояд дид.
Дар фасли гармои тобистон амал карда, ғами фасли зимистонро бояд хӯрд. Мебоист, ки фасли зимистон бо сардиаш фаро расад, ҳамаро ба ташвиш меоварад, ки барои хуб паси сар кардани фасли зимистони пешомадаистода, баҳри амалан иҷро гардидани дастуру супоришҳо талош варзид. Гуфтан ба маврид аст, ки дар ин бобат, Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд”оид ба гузаронидани фасли зимистон нақшаи давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, нақша-чорабини таҳия кардааст, ки шахсони масъул аз рӯи нақша омодагӣ ва корбарӣ карда истодаанд.
Ҳамзамон, дар муассиса ситоди “Зимистон 2022-2023” ташкил шудааст, ки шахсони масъул ситоди зеринро ба зимма гирифта, дар асоси нақша-чорабини корҳои зеринро аз ҷумла, таъмин намудани фаъолияти пурсамари таҷҳизоти баландшиддати гармидиҳанда (кондисионерҳо), гузаронидани назорати техникии тамоми таҷҳизотҳои барқии Осорхонаи вилоятӣ, таҷҳизотҳои фаъолияткунанда, таҷҳизотҳои гармидиҳандаи Осорхона археологӣ, таъмини фаъолияти таҷҳизотҳои гармидиҳандаи баландшиддати утоқҳои кории маъмурияти маҷмаа, гузаронидани назорати техникии фаввораҳои ҳудуди боғи фарҳангию истироҳатӣ ва омода намудани муҳаррикҳои зериобии фаввораҳо ба консарватсия, салафанпеч ва бо равғанҳои молидании махсуси техникӣ, муҳофизати онҳо аз сардӣ ва деформатсия ба анҷом расонида шуда, ҳоло мувофиқи нақша-чорабини корҳои профилактики гузаронида шуда истодаанд.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот